Эрон ва Русия дар истеҳсоли ваксинаи “Спутник V” ҳамкорӣ меунанд


Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия дар бораи истеҳсоли муштараки ваксинаи зидди коронавируси “Спутинк V” созишнома имзо карданд.
Бино ба хабари Регнум ба нақл аз Козим Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия, рӯзи 29 январ ҷумҳурии исломӣ ваксинаи “Спутинк V”-ро барои эмкунии аҳолӣ ба сурати расмӣ қабул кард.
Баъди ин тарафҳо дар мавриди харид ва истеҳсоли муштараки ваксина тавофуқ карданд.
Рӯзи 4 феврал нахустин ваксинаҳо аз Русия ба Эрон фиристода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ