Мумкин аст дар Фаронса дини ислом манъ карда шавад

Ҷаҳон

Ҳизби Иттиҳоди Миллии Фаронса бо раҳбарии Марин Ле Пен пешниҳод кард, ки ақидаҳои исломӣ дар кишвар манъ карда шаванд.

Лоиҳаи ҳизб амалия, намоиш ва паҳнкунии ғояҳои исломиро дар филмҳо, матбуот, китобхонаҳо ва мактабҳо манъ мекунад.

Дар қонун инчунин пароканда кардани ташкилотҳое, ки ин идеологияро тарғиб мекарданд ва манъ кардани ҷойҳои мувофиқи ибодатро пешниҳод карданд. Тибқи ин санад, дар Фаронса низ бояд пӯшидани ҳиҷоб ба занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ