«Тарки ҷафо накардӣ!»

Новелла
Аҳмад имрӯз ҳам ба хона сархуш ва маст омад. Вай калавида-­калавида вориди ҳавлӣ шуд. Завҷааш Шоиста чун ҳамеша вайро бо итоб ва ғазаб пешвоз гирифт. Ҳангоме ки Аҳмад аз вай хӯрок пурсид, Шоиста гуфт:
– Ҳамон маъшуқаат шикаматро сер накард? Хӯрок надод? Ба ҷойи хӯрок санг медиҳам, ки хӯрӣ!
Аҳмад барои он ки наафтад, аввал тани дарахти ягонаи саҳни ҳавлиро дошт, сипас боз калавида, тағораи мағзобаро бо пояш зад, девори хонаро дошта, ба дарун даромад. Ба рӯйи диван хобид ва ғурунгос зад:
– Ҷодугар! Рӯйи ту барин инсонро Худо шӯяд. Ту одам нестӣ. Аҷузаи худозада… Ту ишқ чӣ буданашро аз куҷо медонӣ?!..
Ҷанҷолу дилсиёҳиҳо дар хонадони онҳо аз он буд, ки Аҳмади майхора, дар гузашта хидматчии ҳарбӣ ва бармаҳал ба истеъфо баромада буд, акнун чун мудири хоҷагии Хонаи меҳрубонӣ кор мекард. Ва муҳосиби он Лола маъшуқаи вай гардида буд. Ин ҳамаро Шоиста сахт рашк мекард. Вай асрори чунин ишқбозии шавҳарашро намефаҳмид. Ҷонаш дар азият буд, ки шавҳараш вайро ба як беваи начандон банур, ки рангу бори рӯяш аз ҳад зиёд буд, иваз кардааст. Ҳол он ки вай ба ҳусну ҷамол буду маълумоти олӣ дошт, дар ақлу фаросат аз маъшуқаи шавҳараш баланд буд. Рақибаи Шоиста як зани сабукпо буд, аммо бо меҳрубонӣ ва навозиш дили шавҳарашро рабуда буд. Рӯзҳои сафед ва шабҳои сиёҳ мегузаштанд. Вале Шоиста сабаби дилбастагии шавҳарашро ба он аҷуза дарк карда неметавонист. Чаро шавҳараш ба вай чун ба зани бегона муомила мекунад? Ин ҳама барояш нофаҳмо буд. Шоиста андеша меронд: магар вай хӯроки бомазза пухта наметавонад, оё онҳо фарзандони ба балоғат расида надоранд? Дар муносибаташон чӣ дарз рафтааст?
Боз овози шавҳараш андешаҳои бесару нӯги вайро дарҳам мешикананд.
– Ӯй, фарёд аз он ки ҳаргиз тарки ҷафо накардӣ!.. Ӯй, мегӯям…
Пас аз чанде Аҳмад ба хоб рафт.
«Хуб, чаро манро, ки баробари ҷон дӯст медошт, ба ҳамон аҷуза иваз кард? – аз дил мегузаронд Шоиста. Ман чӣ кор кунам, ки дар оила сулҳу оштӣ барқарор шавад? Ба ҷойи кораш меравам. Ба роҳбараш арза мекунам. Вай ҷодугарашро ҳам мебинаму таъзирашро медиҳам», – ба як қарор омад Шоиста.
Рӯзи дигар пас аз он ки шавҳараш ба кор рафт, Шоиста куртаи зеботаринашро пӯшид, гӯшвораи тиллоро ба гӯшаш кард, ороставу пероста роҳи Хонаи меҳрубониро пеш гирифт.
Директори Хонаи меҳрубонӣ – марди миёнақади сиёҳҷурда бо тамкин арзаи вайро шунида гуфт:
– Мо ҳақ надорем, ки ба корҳои маҳрамона, оилавии Шумо мудохила кунем. Худатон оштӣ шавед. Масъаларо бо ҳам ҳаллу фасл кунед.
Шоистаи гирён боз бо дили шикаста ба хонааш омад. Ва баҳори умр-айёми ҷавониро ёдовар шуд. Ҳангоме ки Аҳмад аз пайи вай метохт, ба вай рӯйи хуш намедод. Аммо ҳангоме, ки онҳо донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Ленингради собиқ фиристоданд, Аҳмад ба ҷону ҳолаш намонда, вайро ҳамроҳӣ кард. Ҳангоми сафар вай ҳама нози Шоистаро мебардошт, ҳар хоҳиши ӯро бо ҷону дил ба ҷо меовард. Ин ҳама боиси он гардид, ки тӯйи никоҳи онҳо барпо шавад…
Баъдан Аҳмад ҳам бо кӯмак ва дастгирии Шоиста шӯъбаи ғоибонаи факултаи филологияи руси Шоиста хатмкардаро ба итмом расонд ва рутбаи афсариро гирифт. Кораш пеш мерафт, кордаш болои равған буд. Аммо як нуқсони асосии вай буд, ки бисёр шароб менӯшид. Бо вуҷуди он, ки Шоиста завҷаи нозпарварди вай буд, ҳар хоҳишашро Аҳмади соҳибмартаба иҷро мекард, Шоиста барои майнӯшиаш суханҳои таҳқиромез мегуфт. Аммо Аҳмад ба ҳамаи суханон беэътибор буд, мастона механдид ва боз ҳамон майхорагиро идома медод. Кӯшиш мекард, ки дар ҳолати мастӣ Шоистаро ба оғӯш гираду бибӯсад. Аммо Шоиста муқовимат мекард, аз шавҳараш як бӯйи кароҳатовар меомад, ки танаффури Шоистаро меовард.
Ҳамин тавр солҳо сипарӣ гардиданд. Шоиста ду фарзандро ба дунё овард, онҳоро ба воя расонд.
…Шоиста маротибае поида аз паси шавҳараш рафт. Вай дид, ки шавҳараш дар майдони Регис­тон бо маъшуқааш мулоқот доштааст. Шавҳараш бо дасташ ба сӯи Регистони бошаҳомат ишора карда чиҳое мегуфт, ки маъшуқааш механдид. Шоиста дар оташи рашк, хусумат месӯхт.
Шояд иштибоҳ аз вай сар зад. Муомилаашро ба шавҳараш хуб мекард, шавҳараш маъшуқа пайдо намекард…

Ин субҳидам бошад, шумхабари он ки шавҳараш дар тӯйхона ҳангоме, ки шафтолуеро гирифта мехӯр

д, якбора ба як паҳлу ғелида, ба замин афтоду бандагиро ба ҷо овард, ба ҳама ҷо расид. Ин рӯзи сангинтарин барои Шоиста буд. Шоиста маросими дафни шавҳарашро бо як азоб гузаронд. Акнун ҳавлӣ ҳам холӣ гардид, зеро ду фарзандаш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буданд. Фақат зану фарзанди яке аз писаронаш бо вай зиндагӣ мекарданд.
Шоиста бисёр андеша мекард, аз худ мепурсид, ки ин сияҳбахтӣ аз куҷо ба сари вай афтод. Дар ҳаёти зану шавҳарӣ ба чӣ аҳамият надод? Чаро шавҳараш ба вай хиёнат кард?

Ӯктам ИБРОҲИМ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ