Киҳо бояд пеш аз ҳама бо ваксина таъмин карда шаванд?

Тедрос Аданом Гебресиесус дар ин маврид фикри худро баён кард

Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебресиесус бар ин назар аст, ки дар шароити интиқоли маҳдуди ваксинаи зидди коронавирус, пеш аз ҳама, бояд кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон бо ваксина таъмин карда шаванд. Дар ин бора ӯ дирӯз, 29 январ зимни брифинг дар Женева иброз дошта, аз кишварҳои ҳамроҳ ба механизми байналмилалии COVAX ва бо дигар давлатҳо даъват намуд, ки инро ба инобат гиранд.
“Шумораи бештари ваксинаи зидди COVID-19 истеҳсол мегардад ва барои ҳама кофӣ хоҳад буд. Аммо, ваксинаҳо ҳоло дар ҳаҷми маҳдуд истеҳсол шудаанд. Мо бояд онҳоро то ҳадди имкон самаранок ва одилона тақсим кунем”, — гуфт роҳбари СУТ.
Бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксина дар байни гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, оид ба ин масъала дастурамал таҳия ва қабул карда шуд. Тибқи дастурамали мазкур, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ