5 вакили Трамп дар арафаи оғози ҷараёни импичмент ӯро тарк карданд


Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи ИМА бо 5 нафар адвокати худ, ки стратегияи ҳимояи ӯро дар парвандаи импичмент таҳия мекарданд, ҳамкориро қатъ кард. Дар ин бора CNN хабар дод.
Бино ба хабари CNN, Дебора Барбе, Бутч Бауэрс, Ҷонни Гэссер, Грег Ҳаррис ва Ҷошуа Ҳовард гурӯҳи ҳимоякунандагони Трампро тарк карданд.
Гуфта мешавад, ки Трамп эҳтимолан мехост стратегияи ҳимояро бар асоси сохтакориҳои интихобот (аз назари ӯ) барпо кунанд ва дар ин ҷо адвокатҳо бо ӯ ихтилофи назар доштанд. Адвокатҳо мехостанд ҳимояро бар асоси масъалаи қонунӣ будани импичмент баъди поён ёфтани муҳлати раисҷумҳурӣ созанд. Ин вазъияти ҷолиб аст, чунки, қаблан ягон бор дар ИМА парвандаи импичмент баъди аз сари қудрат рафтани раисҷумҳур баррасӣ нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ