Телеграм аз ҷиҳати шумори корбарон 11-умин шабакаи иҷтимоии ҷаҳонӣ шуд


Шумори корбарони Телеграм бори нахуст нисбат ба шумори корбарони Twitter ва Snapchat зиёд шуд. Дар ҳисоботи агентии We Are Social чунин маълумот омадааст.
Бино ба ин маълумот, Facebook ҳанӯз ҳам аз ҷиҳати шумори корбарон аввалин шабакаи иҷтимоӣ мебошад. Дар оғози сол шумори корбарони ин шабака тақрибан ба 2,7 миллиард нафар расид.
YouTube бо тахминан 2,3 миллиард нафар корбар дувумин шабакаи ҷаҳонӣ аст. Ҳамчунин, WhatsApp бо 2 миллиард нафар, Facebook Messenger бо 1,3 миллиард нафар ва Instagram бо 1,2 миллиард нафар корбар панҷгонаи аввали шабакаҳои ҷаҳониро ташкил доданд.
Панҷ шабакаи иҷтимоии Чин – WeChat, TikTok, QQ, Douyin ва Sina Weibo аз ҷиҳати шумори корбарон дар ҷаҳон дар паллаҳои 6-10 қарор доранд.
Шумори корбарони телеграм имсол ба 500 миллион нафар расид ва ин имкон дод, ки шабака Snapchat (498 миллион) ва Twitter-ро (353 миллион) дар ақиб гузорад ва дар палали 11-ум ҷой гирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ