Шумори корбарони интернет ба 4,66 миллиард нафар расид


Дар оғози соли ҷорӣ шумори умумии корбарони интернет дар ҷаҳон ба 4,66 миллиард нафар расид. Дар ин бора Регнум ба нақл аз агентии We Are Social хабар дод.
Бино ба маълумоти Созмони милали муттаҳид, дар ҳоли ҳозир шумори аҳолии Замин 7,83 миллиард нафар аст. Бо ин ҳол, 59,5 дарсади мардуми ҷаҳон аз интернет истифода мебаранд.
Соли 2019 шумори корбарони интернет дар муқоиса бо соле қабл 316 миллион нафар афзоиш ёфт. Аксарияти истифодабарандагони интернет корбари ягон шабакаи иҷтимоӣ мебошанд. Соли 2020 шумори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ 490 миллион нафар афзоиш ёфт. Бино ба пешбинии корбарон, соли ҷорӣ корбарони интернет тақрибан 3,7 соат вақти худро сарфи шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳанд кард.
Бар асоси маълумоти We Are Social, сокинони Филиппин фаъолтарин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Онҳо ҳамарӯза тақрибан 4 соати худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Баръакс, мардуми Япония нисбат ба дигар халқҳои ҷаҳон вақти худро сарфи шабакаҳо мекунанд. Онҳо ҳамарӯза камтар аз як соат вақт барои шабакаҳо ҷудо мекунанд.
Ба ҳисоби миёна, корбарони ҷаҳонии интернет ҳамарӯза 2 соати 25 дақиқаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ