Ҷараёни кашфи коронавируси “британияӣ” дар Ӯзбекистон чӣ хел сурат гирифт?


Рӯзи гузашта дар бораи кашфи нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон хабар додем.
Профессор Алишер Абдуллоев, муовини мудири Маркази технологияҳои пешрафтаи вазорати рушди инноватсионӣ дар бораи ҷараёни кашфи коронавируси “британияӣ” маълумот дод.
Ӯ гуфт, “Барои кашфи “штамми британияӣ”-и коронавирус тақрибан 5 рӯз сарф шуд. Ин ҷараёни мураккаб буда, аз мутахассисон талаб мекунад, ки ҳар як марҳиларо алоҳида назорат кунанд. Бояд гуфт, ки ин усули праймерҳои махсусро олимони маркази мо мустақил сохтанд.
То ҳол дар маркази мо оби бинии 33 нафар бемор ба гумони гирифторӣ ба “штамми британияӣ” омӯхта шуд”.
Дар марҳилаи аввали таҳлил намунаҳои коронавирус, ки дар шакли РНК мебошанд, ба шакли ДНК гузаронда мешавад.
Дар марҳилаи дувум бо ёрии дастури Real Time PCR мутатсияи маркерии “штамми британияӣ” скрининг мегардад. Қобили зикр аст, ки ин усул низ самараи кори мутахассисони мо аст.
Дар марҳилаи савум намунаи штаммро барои муайян кардани тартиби ДНК-и он омода крданд.
Сипас бо ёрии анализатори SeqStudio тартиби ДНК-и штамм муайян гардид. Марказ чанд моҳ пеш SeqStudiо-ро барои муайян кардани тартиби генетикии коронавирус харид карда буд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ мутахассисон натиҷаҳоро дар компютер ҷамъ оварданд ва бо тартиби генетикии “штамми британияӣ” дар базаи маълумотҳои байналмилалӣ муқоиса карданд. Баъди он, ки чандин мутатсияҳои хоси “штамми британияӣ” тасдиқ шуд, маълумотро ба вазорати тандурустӣ тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, касе, ки мубталои коронавируси “британияӣ” шуд, духтараки 10-сола мебошад. Ӯ 23 январ аз Дубай ба Тошканд баргашта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ