“Динамо” дар бозии дӯстона бо “Насаф” рӯбарӯ шуд


Ҷамоаи “Динамо” дар чорчӯби омодагӣ ба мавсими нав дар Қаршӣ бо “Насаф” бозии дӯстона баргузор кард. Ин бозӣ бо натиҷаи 0 бар 0 ба поён расид. Дар ин бора championat.asia хабар дод.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии самарқандиён дар ин бозӣ футболбозони таркиби асосиро вориди майдон кард. Рӯзиқул Бердиев низ таркиби асосии “Насаф”-ро барои бозӣ интихоб кард.
Дилшод Раҳматуллоев, футболбози мезбонон дар ин бозӣ натавонист пеналтиро ба самар расонад.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз Олег Марчук, футболбози нави “Динамо”, ки аз Украина аст, низ бозӣ кард. Олеги 23-сола нимҳимоятгар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ