Рақобати Флойд Мейвезер ва Логан Полро ба рӯзи дигар гузоштанд


Рӯзи 20 феврал бояд рақобати Флойд Майвезер, муштзани шикастнопазири амрикоӣ бо блогери машҳур Логан Пол баргузор мешуд. Вале, ба далели пандемияи коронавирус замони баргузории ин рақобати дӯстона тағйир ёфт.
Бино ба хабари TMZ, ҳанӯз рӯзи дақиқи баргузории ин рақобат маълум нест.
Логан Поли 25-сола моҳи ноябри соли 2019 дар бокс рақобати нахусти худро баргузор карда буд. Рақиби ӯ як блогери дигар ба лақаби KSI буд.
Мейвезери 43-сола бори охир дар бокси касбӣ соли 2017 бо Конор Макгрегор рақобат кард ва ӯро шикаст дод.
Ҳамчунин, ӯ моҳи марти соли 2018 бо Теншин Насукава, намояндаи 20-солаи ММА дар рақобати дӯстона ширкат варзид ва ӯро низ мағлуб кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ