Номзадии ҷунбиши Black Lives Matter-ро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод карданд


Петтер Эйде, узви порлумони Норвегия номзадии ҷунбиши Black Lives Matter-ро (BLM) ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кард.
Бино ба хабари агентии “Новости”, даъватҳои ин ҷунбиш дар саросари ҷаҳон садо дод. Эйде мегӯяд, ки Black Lives Matter дигар кишварҳои ҷаҳонро низ ба муборизо бо нажодпарастӣ даъват кардааст.
Ба гуфтаи вай, Black Lives Matter муҳимтарин ҳаракати ҷаҳон дар роҳи мубориза бар зидди нобаробарии нажодӣ шуд.
Ёдовар мешавем, дар моҳи майи соли 2020 кормандони пулиси ИМА марди сиёҳпӯстеро ба номи Ҷорҷ Флойд куштанд. Дар натиҷа дар саросари кишвар ҷунбиши Black Lives Matter авҷ гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ