Ваксинаи Pfizer/BioNTech сиёсатмадори амрикоиро аз коронавирус ҳимоя накард


Стивен Линч, узви Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА баъди эмкунӣ бо ваксинаи Pfizer/BioNTech мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора котиби матбуотии ӯ маълум кардааст.
Бино ба хабари РБК, бемории Линч бе нишонаҳо мегузарад. Ӯ чанд муддат дар хонаи худ менишинад ва корҳои худро низ фосилавӣ идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ӯ дозаи дувуми ваксинаро пеш аз маросими савганд ёд кардани Ҷо Байден гирифтааст. Дар он ҳангом ӯ барои ташхиси коронавирус тест месупорад ва натиҷаи манфӣ мегирад.
Бино ба маркази назорат ва беҳсозии бемориҳои ИМА, то даме, ки ваксина дар бадани одам иммунитет ҳосил мекунад, вақти муайян зарур аст. Ба ин далел, вақте касе пеш аз, ё баъди ваксиназанӣ мубталои коронавирус мешавад, ин нишонаи бетаъсир будани ваксина нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ