Навалний аз маҳбас ҳам мардумро ба кӯча баровард



23-юми январ Алексей Навалний бори дигар собит кард, ки ҳатто дар ҳабс ӯ метавонад одамонро ба кӯчаҳо барорад, менависад

“The Wall Street Journal”. Барои сиёсатмадоре, ки панҷ моҳ дар кишвар набуд, ин як санҷиши воқеии нуфузи ӯ буд. Ҳоло саволи мубрамтарин барои Кремл ин аст, ки оё ин амал ба муқовимати устувор бо мақомот мубаддал хоҳад шуд ё хомӯш мегардад? Ин кор дар навбати худ нишондиҳандаи он хоҳад буд, ки оё Навалний метавонад ба дастгирии мардум такя кунад? Аммо барои Ҷо Байден, ки ҳанӯз бо Маскав робита барқарор накардааст, тазоҳурот дар Русия аввалин чолиши бузург дар сиёсати хориҷӣ шудааст, менависад

“The Washington Post”. Мушовири нави амнияти миллӣ Ҷейк Салливан аллакай дар Твиттер талаб кардааст, ки Алексей Навалнийро озод кунанд. Тавре маълум шуд, танҳо мардуми Русия аз таҳримоти иқтисодии Ғарб азият мекашанд, аммо — шарикони Путин мисли пешина имтиёзҳои ғайриқонуниро худро истифода бурда истодаанд. Аз ин рӯ, танҳо таҳримҳои шахсӣ алайҳи доираи наздиктарини пешвои Русия воқеан метавонанд муассир бошанд. Пароканда шудани митингҳо исбот мекунад, ки барои элита чӣ рақибе пайдо шудааст. Барои ҷомеаи Русия, хулоса мекунад

“The Guardian”, пароканда шудани гирдиҳамоиҳои рӯзи шанбе метавонад ба таҳримоти аз ин ҳам бештар сабаб шавад . Интихоботи моҳи сентябрии Думаи давлатӣ, ки ба гумон аст, ки бидуни тақаллуб сурат бигирад, ин мушкилотро бештар хоҳад кард. То шикастани система, Русия ба ислоҳоти куллии сиёсӣ ниёз дорад. Путин барои беҳбудии мардум бояд эътироф кунад, ки вақташ ба охир расидааст, хулоса мекунад газета.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ