Дар Қазоқистон ваксиназанӣ оғоз шуд


Дар Қазоқистон ваксиназанӣ бар зидди коронавирус оғоз шуд. Дар ин бора «МИР 24» хабар медиҳад.
Бино ба ин хабар, Ерлан Киясов, муовини вазири тандурустӣ, саршифокори санитарии давлатӣ аз аввалин нафароне буд, ки бо ваксина эм шуд.
Қазоқистон ваксиназанӣ ба аҳолиро дар якчанд марҳила анҷом медиҳад. Дар марҳилаи аввалӣ кормандони тиббӣ эм мешаванд. Дар моҳҳои март ва апрел омӯзгорону донишҷӯёне, ки бемориҳои доимӣ доранд, бар зидди коронавирус эм хоҳанд шуд.
Ваксиназанӣ дар Қазоқистон ихтиёрӣ аст. Аммо, касоне, ки дозаи аввалро мегиранд, маҷбуранд, ки баъди 2 ҳафта дозаи дувумро низ қабул кунанд.
Ёдовар мешавем, Қазоқистон барои эмкунии аҳолӣ ваксинаи «Спутник V»-и истеҳсоли Русияро истифода мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ