Кореяи Ҷанубӣ хориҷиёнро низ бар зидди коронавирус эм мекунад


Дар Кореяи Ҷанубӣ шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба муҳлати тӯлонӣ ба кишвар омадаанд, бар зидд коронавирус эм мешаванд. Дар ин бора TBS News хабар дод.
Бино ба хабари Кумитаи маркази назорат ва беҳсозии бемориҳои Кореяи Ҷанубӣ, хориҷиёне, ки ба муддати тӯлонӣ дар кишвар омадаанд ва дар системаи суғуртаи тиббии кишвар худро сабти ном кардаанд, дар баробари шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ ба ваксиназанӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.
Ҷараёни ваксиназанӣ ба хориҷиён мувофиқи барномаи ҳукуматӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи кормандони тиббие, ки бо мубталоёни коронавирус кор мекунанд, эм мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ