Ҳукумати Туркманистон карантинро то 1 март дароз кард


Ҳукумати Туркманистон ба далели вазъияти эпидемиологӣ дар ҷаҳон карантинро то 1 марти соли ҷорӣ тамдид кард.
Бино ба хабари Регнум ба нақл аз Orient, дар ин муддат танҳо дӯконҳое, ки маводди ғизоӣ ва ашёи истифодаи ҳамарӯза мефурӯшанд, фаъолияти худро идома медиҳанд. Дигар мағозаҳо, ҳамчунин, ресторану ошхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ, зебоӣ ва варзишӣ кори худро қатъ кардаанд.
Ҳамчунин, марказҳои омӯзишии пулакӣ низ дар таътиланд. Роҳи оҳан ва автобусҳои байнишаҳрӣ низ фаъолияти худро муваққатан қатъ кардаанд.
Ёдовар мешавем, бар асоси маълумоти расмӣ, то ҳол дар Туркманистон ягон нафар мубталои коронавирус нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ