Кай ба 1000 доллар расидани маоши муаллимон маълум шуд



Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2024 маоши муаллимонро ба муодили 1000 доллар афзоиш диҳад. Инро ҷонишини вазири таълими халқ Темур Комилов дар як нишасти матбуотӣ таъкид намуд.

Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2018 то ба имрӯз маоши омӯзгорон дар ду марҳила афзоиш ёфтааст. Пештар музди миёнаи як омӯзгор тақрибан 1,4 миллион сӯмро ташкил медод, аммо ҳоло он 1,5 маротиба афзуда, ба 2,6 миллион сӯм расидааст.

«Бо супориши Президент мо нақша дорем, ки то соли 2024 маоши муаллимонро ба 1000 доллар расонем ва пешниҳодҳо омода карда мешаванд. Мо инчунин бо Вазорати молия дар ин самт кор карда истодаем», — гуфт Темур Комилов.

Ба гуфтаи Темур Комилов, категорияи омӯзгорон ҳангоми ба 1000 доллар расонидани маошашон ба назар гирифта мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ