Музди гӯшношуниди Месси дар Испания шӯру мағал ба по кард


Чанде пеш рӯзномаи “El Mundo”-и Испания музди Лионел Месси, афсонаи зиндаи Каталония, футболбози “Барселона”-ро фош кард. Маълум шуд, ки ӯ бар асоси қарордоди охирин бо ҷамоа аз моҳи ноябри соли 2017 то моҳи июни соли ҷорӣ 555 миллиону 237 ҳазору 619 евро мегирад.
Истеъдоди Месси ба баррасиҳо эҳтиёҷе надорад. Ӯ дар 755 бозӣ дар таркиби “Барселона” 650 гол зад. Дар таърихи каси дигаре чунин натиҷа нишон надодааст. Аммо, чунин музди гӯшношунида боиси моҷарову ҳангомаи рӯз дар Испания шудааст. Дар нишастии матбуотие, ки баъди охирин бозии “Барселона” барпо шуд, ҳама хабарнигорон дар ин бора савол медоданд.
Расонаҳо имрӯз бо хабарҳои худ дар ин бора “ба оташ карасин мепошанд. Адвокатҳои Месси ҳоло барои шикоят ба додгоҳ (суд) омодагӣ мебинанд. Чунки, қарордод сирри тиҷоратӣ аст ва барои ошкор кардани он ҳуқуқ надоштанд.
Сокинони Барселонаро ин музди калони Месси ба шӯру ғазаб овардааст. Ҳатто, ҳаводорони Месси эътироф мекунанд, ки набояд ӯ чунин музд гирад. Ин ҷо гап дар бораи нобаробарии иҷтимоӣ меравад. Месси музди яксолаи аксарияти сокинони Испанияро дар якуним соат меёбад.
Бояд эътироф кард, ки Месси қариб 45 дарсади музди худро барои андоз ба давлат месупорад. Яъне, давлат тақрибан 270 миллион еврои Мессиро дарёфт мекунад. Ҳамчунин, Месси худ як сабаби муваффақияти иқтисодии ҷамоа ва шаҳри Барселона мебошад. 10 дарсади сайёҳон ба ҷануби Испания танҳо барои Месси мераванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ