Дар Испания 78 нафар пиронсол баъди ваксиназанӣ мубталои коронавирус шуд


Дар шаҳри Лагартераи Испания 78 нафар истиқоматкунандаи хонаи пиронсолон баъди эмкунӣ бо ваксинаи Pfizer мубталои коронавирус шуданд. Ҳамчунин, 7 нафар аз онҳо фавтиданд.
Бино ба хабари “МИР 24” ба нақл аз EFE, пиронсолон рӯзи 13 январ бо дозаи якуми ваксина эм шуда буданд. Дар аввали пайдо шудани нишонаҳои коронавирус дар даҳ нафар пиронсол мутахассисон инро натиҷаи таъсири манфии ваксина ҳисоб карданд. Аммо, баъдан шумори беморон афзоиш ёфт ва ҳамаи пиронсолонро дар ҳуҷраҳои худ мунзавӣ (изолятсия) карданд.
Гуфта мешавад, ки аз оғози пандемия то ба ҳол дар ин хонаи пиронсолон бори нахуст ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ