Нерӯҳои мусаллаҳи Мянмар биноҳои муҳимми кишварро зери назорат дароварданд


Нерӯҳои мусаллаҳи Мянмар ҳамаи бинову иншооти муҳимми кишварро зери назорад дароварданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NHK хабар дод.
Бино ба маълумот, биноҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои давлатӣ ва фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт – шаҳри Янгон зери назорати низомиён аст. Аксари шабакаҳои телевизионии кишвар кор намекунанд. Танҳои шабакаи нерӯҳои мусаллаҳ пахш мешаванд.
Ёдовар мешавем, низомиёни Мянмар рӯзи 1 феврал табадуллоти давлатиро анҷом доданд. Онҳо раисҷумҳури кишвар, роҳбар ва садҳои узви ҳизби ҳокимро боздошт карданд. Дар кишвар вазъияти фавқулодда ба муҳлати 1 сол эълон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ