Дар Япония режими вазъияти фавқулодда то 7 март идома хоҳад ёфт


Ҳукумати Япония имрӯз, 2 феврал дароз шудани муддати режими вазъияти фавқулодда дар кишварро ба далели паҳншавии коронавирус эълон мекунад. Дар ин бора агентии Kyodo хабар дод.
Бино ба ин хабар, ин режим то 7 март идома хоҳад ёфт. Бо беморон пур шудани бемористонҳои кишвар боиси ин қарори ҳукумат шудааст. Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ки Ёсихидэ Суга, сарвазири Япония баъди машварат бо коршиносони соҳати тандурустӣ метавонад ин қарорро тағйир диҳад.
Маҳдудият дар 10 вилояти Япония – Токио, Канагава, Тиба, Саитама, Айти, Гифу, Осака, Киото, Хёго ва Фукуока ҷорӣ мегардад. Ҳамзамон, дар вилоятҳои Тотиги ва Окинава ин режим бекор мешавад, чун, вазъи эпидемиологии онҳо беҳтар шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ