Ширкати BioNTech мехоҳад дар як сол 2 миллиард доза ваксина истеҳсол кунад


Ширкати олмонии BioNTech мехоҳад соли ҷорӣ ҳадди ақал 2 миллиард доза ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол кунад. Дар ин бора сайти ширкат хабар дод.
BioNTech дар истеҳсоли ваксина бо ширкати амрикоии Pfizer ҳамкорӣ мекунад. Қаблан нақшаи солонаи онҳо истеҳсоли 1 миллиард доза ваксина буд. Аммо, талаб ба дору хеле афзоиш ёфт ва онҳо нақшаи худро нав карданд.
Барои афзоиши истеҳсоли ваксина корхонаи дорусозии ширкат дар Белгия навсозӣ шуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Марбурги Олмон низ истеҳсолот ба роҳ андохта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ