Сӯхтор дар Австралия беш аз 6 ҳазор гектар ҷангалзорро нобуд кард


Дар натиҷаи сӯхтор дар Австралия беш аз 6 ҳазор гектар ҷангалзор ва тақрибан 30 манзилгоҳи одамонро нобуд кард. Дар ин бора рӯзномаи маҳаллии WA Today хабар дод.
Сӯхтор то ба сарҳади шаҳри Суон расид. Суон дар фосилаи 40 километр бо шаҳри Перта – пойтахти ҷанубии Австралия ҷойгир аст. Сӯхтор тақрибан 400 нафар сокини маҳаллиро маҷбур кард, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва дар марказҳои муваққатӣ ҷой гиранд.
То ҳол беш аз 300 нафар оташнишонон бо хомӯшкунии сӯхтор машғуланд. Ҳамчунин, аҳолӣ низ ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ