Меркел: Ваксиназанӣ ба аҳолӣ то поёни тобистон анҷом меёбад


Ҳукумати Олмон то поёни фасли тобистон барномаи ваксиназанӣ ба аҳолиро иҷро хоҳад кард.
Бино ба хабари Регнум, Ангела Меркел, канслери Олмон дар нишасти роҳбарони заминҳои федералии кишвар дар ин бора ҳарф зад.
Ба гуфтаи ӯ, иҷрои барномаи ваксиназании умумӣ дар Олмон танҳо дар сурати истифодаи муштараки ваксинаҳои Pfizer, Moderna ва AstraZeneca имконпазир хоҳад буд. Агар яке аз ин ширкатҳо интиқоли ваксинаро ба Олмон қатъ кунанд, дар ин сурат вакснизанӣ комилан анҷом намеёбад.
Ӯ афзуд, ки дар ду ҳафтаи оянда дар кишвар норасоии доруҳо мушоҳида мегардад.
То ҳол дар Олмон 2 221 971 нафар мубталои коронавирус шуданд. Шумори қурбониёни вирус ба 57 120 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ