Нахустнамоиши филм дар бораи Элвис Пресли соли оянда баргузор мешавад


Киностудияи Warner Bros. филми ҳунарӣ дар бораи навозанда ва хонандаи машҳури ҷаҳон Элвис Преслиро рӯзи 3 июли соли 2022 баргузор мекунад. Дар ин бора Nation News хабар дод.
Коргардони (режиссёр) ин филм Баз Лурман мебошад. Остин Батлер ва Том Ҳэнкс дар филм нақшҳои асосиро меофаранд. Ин филм бояд 5 ноябри соли ҷорӣ тақдими ҳаводорони синамо мешуд. Аммо филмбардорон натавонистанд дар муддати барномарезишуда корро анҷом диҳанд. Том Ҳэнкс баъди рафтан ба Австралия мубталои коронавирус шуд ва ба муддати тӯлонӣ дар ҷараёни филмбардорӣ иштирок накард.
Гуфта мешавад, ки то ба охир расидани филмбардорӣ чанд ҳафтаи дигар зарур аст.
Филм дар бораи оғози фаъолияти ҳунарии Элвис Пресли ҳикоя мекунад. Том Ҳэнкс дар филм нақши менеҷери ӯро иҷро мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ