Чаро гурӯҳи корӣ ба маҳаллаи Сойиғӯс омад?

Гурӯҳи корӣ бо сарварии ҷонишини вазири маҳалла ва дастгирии оила Ботур Парпиев дар ноҳияи Ургут бо аҳолии деҳаи дурдасти Сойиғӯс вохӯрд ва муаммоҳои мардумро омӯхта, дар ҳамон ҷо чораҳои ҳал кардани онҳоро дид.
– Мақсади мо расондани ёрӣ ба беҳдошти шароити зисти аҳолии деҳаи дурдасттарини вилоят аст, – гуфт Б. Парпиев. – Масъалаи аз ҳама асосӣ- таъмири кӯчаҳои деҳа, аз ҳама аввал, роҳҳое, ки ба сӯи мактаб мебаранд. Дар ин мавзеъ танг будани роҳҳо низ омӯхта мешаванд.
Пастии ҳарорати ҳаворо ба ҳисоб гирифта, ҳоло ба кӯчаҳо санг мерезанд. Дар байни деҳа ва маркази ноҳия ҳаракати автобус ба роҳ монда мешавад.
Садорати тандурустии вилоят дар мактаби таълими умумии рақами 32-юм, ки дар Сойиғӯс воқеъ аст, барои аҳолӣ муоинаи тиббӣ ташкил кард. Роҳе, ки ба қишлоқ мебарад ва 9,5 километр роҳи дохилиро санг рехта, ҳамвор карданд. Ба аҳолӣ 350-то баллонҳои гази моеъ дода шуд.
Ба пункти тиббии деҳаи Сойиғӯс 2-то автомошини ёрии таъҷилии тиббии «Дамас» ва барои ба мактаб равуо кардани бачаҳо автобус оварданд. Кормандони шӯъбаи ноҳиявии ҶММ «Сув таъминоти» ҳавзи дар маҳалла бударо таъмир ва атрофашро обод карданд.
Ба 5 оилаи камтаъминшудаи деҳа ва мактаби рақами 32 барои кашондани оби нӯшиданӣ зарфҳои махсус доданд.
«Корхонаи шабакаҳои электр»-и ноҳияи Ургут дар деҳа 4,5 километр кабелҳои гуногуни электрӣ гузаронда, 1-то трансформатор ва 66-то симчӯбҳои бетонӣ гузоштанд.
Маркази шуғли аҳолии ноҳия ба ду нафар сокини деҳа нафақаи бекорӣ таъин кард. Ба се нафар шаҳрванд барои кор ба корхонаи «УргазКарпет» роҳхат дод. Дар ҳавлии як шаҳрванд аз ҳисоби субсидия гармхона месозанд. Шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳия дар 10 хонадони камтаъминшудаи деҳа корҳои ободонӣ ва таъмириро иҷро мекунад.
Шӯъбаҳои ноҳиявии бонкҳои тиҷоратӣ ба 26 нафар шаҳрванд барои сохтани гармхона, чорвопарварӣ ва гирифтани мошинҳои дарздӯзӣ кредит медиҳанд. Хулоса, гурӯҳи корӣ барои ҳалли муаммоҳои деҳаи Сойиғӯс ёрӣ мерасонад.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ