МАВҚЕИ ҒАЗАЛ ДАР ДЕВОНИ ФОРСИИ НАВОӢ

Шоир ва мутафаккири бузурги халқи ӯзбек Алишер Навоӣ, ки дар ашъори тоҷикии хеш тахаллуси Фониро интихоб карда буд, дар анвои гуногуни шеър ба забони форсии тоҷикӣ асарҳо эҷод кардааст. Дар ин миён ғазал аз навъҳои шеърие будааст, ки шоир ба он таваҷҷӯҳи хос дошта, аз ҳама бештар дар ин жанр қувва озмудааст. Фонӣ ба забони форсии тоҷикӣ 552 ғазал суруда, ки дар маҷмӯъ аз 4351 байт иборат мебошад ва ин гувоҳи дар «Девони форсӣ»-и Фонӣ ва эҷодиёти ӯ ҷойгоҳи хос доштани ин навъи шеърӣ мебошад.
Устод Айнӣ аввалин шахсест, ки дар заминаи нусхаҳои ғазалиёти ба форсии тоҷикӣ сурудаи Фониро дар рисолаи «Алишер Навоӣ» (1948) ба чоп расонидааст. Ҳамчунин, нахустин таҳлили кӯтоҳе аз «мазмун ва сифати» ғазалҳои Фонӣ ба қалами Устод Айнӣ тааллуқ дорад, ки дар рисолаи ёдшуда анҷом додааст.
Минбаъд дар Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шакли комили «Девони форсӣ»-и Фонӣ аз ҷониби Рукниддини Ҳумоюнфаррух, Ҳамид Сулаймон ва Алии Муҳаммадӣ таҳия ва чоп гардид, ки бештарин қисмати девон аз ғазалҳои шоир ба ҳам омадааст. Дар бораи ғазалҳои тоҷикии форсии Фонӣ ва мавқеи ин жанр дар эҷодиёти шоир аз устод Айнӣ сар карда то Абдулғанӣ Мирзоеву Аълохон Афсаҳзоду Алии Муҳаммадӣ ва баъзе муҳаққиқони дигар ба таври мухтасар сухан кардаанд, вале хусусиятҳои мавзӯиву сохтории ин навъи адабӣ ва моҳияти таҷрибаи ғазалсароии Фонӣ дар сурудани ғазалиёти форсии тоҷикӣ то имрӯз ба таври алоҳида ва ҷомеъ мавриди таҳқиқ ва арзёбии адабиётшиносон қарор нагирифтааст. Ба ин далел, лозим донистем, ки баъзе мулоҳизаҳоро доир ба таҷрибаи Фонӣ дар эҷоди ғазал ба таври мухтасар баён намоем.
Шинохт ва арзёбии ҳунари ғазалсароии Фонӣ, масоҳати маъниҳои рангин ва арсаи лутфи сухани шоир домани васеъ дошта, барои муайян намудани баъзе паҳлуҳои таҷрибаи ғазалсароии ӯ, пеш аз ҳама, ишораҳои худи шоир ба мо ёрӣ мерасонад.
Аз ёдвораҳои худи Фонӣ ва ишораҳои муҳаққиқон бармеояд, ки Фонӣ хеле барвақт ба шеъргӯйӣ шурӯъ карда, ҳанӯз дар 10–12-солагиаш бо Лутфӣ ва Амиршоҳӣ барин шоирони кӯҳансол робитаи мактубӣ доштааст. Дар понздаҳсолагӣ чун шоири тозагӯ шинохта шуда, аз ибтидои фаъолияти шоириаш ба забони модариаш – ӯзбекӣ ва форсии тоҷикӣ шеър гуфтааст. Вай ба «маънии ширину рангин»- аш, ки « ба туркӣ беҳад» будааст, ишора карда, ба форсӣ низ «ҳам лаълу дурҳои симин» гуфтанашро ёдоварӣ кардааст.
Аз ин назар, Фонӣ ғазалҳояшро дар пайравӣ ва истиқболи ғазалҳои шоирони бузурги тоҷику форс Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол, Котибӣ, Исмат, Шаҳобӣ, Шоҳӣ, Ҷомӣ ва дигарон суруда, дар ин замина равиши хоси ғазалсароии худро низ ба роҳ андохтааст.
Илова ба он ки Фонӣ бисёре аз ғазалҳояшро дар пайравии дигарон нагуфта ва шаклу услуби хос доранд, дар ғазалҳои дар татаббӯи шоирони дигар, аз ҷумла Ҳофизу Камол гуфтааш низ тозагӯву навовар аст.
Муҳимтарин имтиёзоти ғазалҳои форсии тоҷикии Фонӣ дар он аст, ки онҳо аз такаллуфоти лафзӣ дур буда, тараннуми хушиҳои зиндагӣ, тасвири маю мутриб ва баҳору ҷамоли хубрӯён, тавсифи инсон ва хислатҳои наҷиби он, ҳусни маъшуқа, хубиҳои маҳбуба, ташхиси хайру шарр бо мизони ишқ, шикваҳои ҷонгудози ишқ, лаззати иштиёқу заҳри фироқро ба муҳокима кашидааанд, ки дар тарзи тасвир ва баёни мавзӯъу масъалаҳо тозагӣ доранд.
Бесабаб набуд, ки устод Айнӣ дар тадқиқоти ёдшудааш дар боби ғазалҳои Фонӣ сухан карда, аз ҷумла навишта буд: «Ғазалҳои форсӣ-­тоҷикии Алишер монанди туркӣ-­ӯзбекии ӯ асосан шеър­ҳои лирикианд. Ӯ дар ин ғазалҳо хушиҳои ҳаётро тараннум мекунад ва дар як ғазалаш як дами хушро аз ҳаёти абадии «Хизр» беҳтар медонад». Айнӣ зайли намуна байти зерро мисол меоварад:
Як дам зи умр
гар ба хушӣ бигзарад бас аст,
Чун Хизр нест майли ҳаёти абад маро.
Мо дар баъзе ғазалҳои Фонӣ ба таркибу таъбирҳои тавсифие дучор мешавем, ки дар таъкиди фазилати ҳунари ғазалгӯии ӯст. Масалан, вай ин гуна ашъори худро «дурри хушоб», «оби ҳаёт», «ғазали тар», «лафзи дурфишон», «дақиқу ширин», «риштаи дурр», «сеҳри мубин» ва ғайра номида, «пурхаёлӣ», «малоҳат», «маънии хос», «лутф», «навӣ», «борикӣ», «диловезӣ» ва дигар тавсифотро аз хусусияти он медонад. Сифатҳои зикршуда муҳимтарин ҷиҳатҳои таҷрибаи шеърии Фониро дар сурудани ғазали форсии тоҷикӣ ифода кунанд ҳам комил набуда, бо санади қотеъ мустанад сохтани онҳоро лозим медонем.
Ҳамчунон ки дар боло ёд кардем, Фонӣ имтиёзоти ғазалиёти худро дар мухтараъ будан донистааст, ки ишора ба навӣ ва тозагии онҳост. Ин хусусият ҳам дар тарзи ифодаи мазмун ва ҳам тасвиру хаёлоти шоирона равшан ба назар мерасад.
Яке аз шартҳои шоирӣ дарёфти маънии тоза мебошад. Вале то маънии тоза ба пирояи латифи сухан ороста нагардад ва бар он рӯҳу равон бардамида нашавад, шеър намешавад. Барои шинохти шеър муҳаққиқон меъёру маҳаки мушаххас пеш овардаанд, вале ҳеҷ кадоме аз ин меъёру маҳак муҳимтар аз ҳунари мазмунпардозӣ ва маънигузорӣ нест. Ҳар шоири асил бо нигоҳи хос, завқу идроки бадеӣ ва ҳунари тасвиргариву маъниофарӣ имтиёз пайдо мекунад. Ин хусусиятҳои шоириро дар таҷрибаи ғазалсароии Фонӣ, аз ҷумла ғазалҳои форсии тоҷикиаш равшан мушоҳида мекунем.
Дар ғазали зерин, ки пурра иқтибос меоварем, идроки бадеии ӯ дар бораи баҳор, ки яке аз асбобҳои хуши зиндагонӣ аст, тоза буда, хурӯши булбулвораш баҳорро ҳамчун унсури зиндаи табиат ва ҳастии инсон зинда сохтааст:
Баҳор омаду тар шуд димоғи соғарҳо,
Ба оби ток бишӯед косаи сарҳо.
Ту ҳам ду орази худро зи бода гулгун кун,
Ки шоҳидони чаман бастаанд зеварҳо.
Бараҳнапой тавон кард сайри боғ чу сарв,
Ки сабза дар чаман афгандааст бистарҳо.
Ба ин умед, ки шояд ба он ҳарам бирасам,
Чу нома ҷой кунам дар пари кабутарҳо.
Муқими хонаи худ бош чу сари занҷир,
Чу қуфл чанд биҷӯйӣ кушоиш аз дарҳо?
Чи гуна дам занад оина пеши мо, Фонӣ,
Ки ҳаст бар ҳама равшан сафои ҷавҳарҳо.
Фонӣ дар тасвири ҳусни хубрӯён на фақат чун рассоми зебонигор амал мекунад, балки бо сувари хаёл нодиракор низ ҳаст. Тасвир дар заминаи воқеият сари кор омадааст, ки намоёнгари ҳусн дар матни воқеияти зиндагист:
Бар гули рӯйи ту то сунбули пурчин афтод,
Саҳаре чанд намудор шуд аз шоме чанд.
Дар ин байт низ маънӣ ва тасвир тоза ва таъсиргузор аст:
Бар тарфи гули рӯйи ту он холи дилафрӯз,
Чун қатраи аз ғолия бар моҳ чакида.
Байти дигар, яъне
Нест ин дил, ки мани зори балокаш дорам,
Аз ту дар синаи худ пораи оташ дорам.
– хусусияти дигари тасвири шеъри ӯро ошкор месозад. Дар ин тарзи нигориш, ки байти боло аз як ғазали ӯ намунаи он аст, муҳимтарин ҳадафи шоир аз тасвир он аст, ки «амре нуҳуфтаро ошкортар кунад» (Дуктур Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1366. –с. 565). Ба ин далел, дар ғазалҳои Фонӣ бисёре аз ҳолоти рӯҳӣ дар қолиби моддӣ ва ҳиссӣ адо шудааст ва мушаххасу таъсиргузор аст: оташи дилашро ба хонанда менамояд, нахли пурхуни ҳаёташро монеъи боровариаш медонад (Нахли ҳаёти ман дили пурхун баровард, Нахле, ки хун хурад, беҳ аз ин чун бар оварад?), ғазабу нафраташ ба олам асоси моддиву ҳиссӣ дорад (Оламе хоҳам, ки набвад мардуми олам дар ӯ, В‑аз ҷафои мардуми олам набошад ғам дар ӯ…
Маълум аст, ки Фонӣ қисмате аз ғазалиёташро дар истиқболи ғазалҳои Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва шоирони дигар гуфтааст. Абдулғанӣ Мирзоев ғазалҳои ҷавобияи Фониро бо ғазалҳои Ҳофиз муқоиса карда, аз ҷумла навишта буд: «Умуман, маънои тоза ва тасвири латифи бадеъ дар ин ду ғазали ҷавобияи Алишер Навоӣ (сухан аз ҷавобияҳои Фонӣ ба ду ғазали Ҳофиз меравад) то дараҷае зиёд ва моҳирона оварда шудаанд, ки онҳоро ба ғазалҳои ба куллӣ мустақил ва ашъори дараҷаи якуми нимаи дуюми асри понздаҳи форс-­тоҷик мубаддал гардонидаанд». Ба ин далел, ин донишманд Алишер Навоиро «баъд аз Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳамчун яке аз беҳтарин ғазалсароёни асри понздаҳи форс-­тоҷик» унвон кардааст. Вале Аълохон Афсаҳзод баръакси А. Мирзоев бар ин назар аст, ки «Ғазалҳои ҷавобия ва истиқболияи Фонӣ дар шаклу мазмун ғазалҳои аслро акс намуда, дар ҷузъиёт ва тарзи баён ба тарзи тоза ҷилвагар мешаванд». Ин назари А. Афсаҳзодро намунаи ғазалҳои ҷавобияи аз Фонӣ овардааш рад мекунанд. Дар чӣ мавқеъҳо маъонии ғазалҳои шоирони форсу тоҷикро такмил додани Фонӣ, тарзи тасвир ва дараҷаи ҳунари шоирии ӯ масъалаест, ки бояд мавриди тадқиқоти васеъ қарор гирад. Дар ин мақола мо даъвои ҳалли пурраи ин мушкилотро надорем. Фақат дар ин замина гуфтанием, ки дар бештарини ин гуна ғазалҳои Фонӣ ҳам маънӣ тоза аст, ҳам тарзи тасвир. Шоири бузург на фақат дар вақти эҷод талаботи назирасароиро риоят намудааст, балки маънои воридкардааш мундариҷа ва сохтори ғазали ҷавобгуфтаашро такмил бахшидааст.
Ҷавобияҳои Фонӣ, ки худаш бо ишораи «мухтараъ ё ихтироъ» ҷойгоҳи онҳоро муайян кардааст, ҳам аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво, ҳам аз назари тасвиру сабки баён тозагиҳо доранд. Зайли намуна дар бораи ҷавобияи ӯ ба ғазали машҳури Ҳофиз, ки бо байти
Воизон, к-­ин ҷилва
бар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд,
он кори дигар мекунанд.
оғоз мешавад, метавон гуфт, ки ғазали ҷавобияи ӯ, ки бо байти
Воизон то чанд
манъи ҷому соғар мекунанд,
Чун димоғи хешро
ҳам гаҳ-­гаҳе тар мекунанд. –
шурӯъ мегардад, бо маъонии тоза ва тасвири моддигароёна фарқ дошта, маънӣ ва сурати ғазали Ҳофизро такмил бахшидааст. Ба ин тартиб, Фонӣ ҳам дар ғазалҳои аслаш, ҳам дар ҷавобияҳояш чеҳраи хоси шоирии худро ҳифз карда, ғазали форсии тоҷикиро, ҳамчунон ки шодравон А. Мирзоев гуфтаанд, «ба ғазалҳои ба куллӣ мустақил ва ашъори дараҷаи якум» мубаддал гардонидааст, ки гувоҳи шаҳомати ҳунарии ӯ дар таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек аст.

Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ