Дебочае барои тадқиқи гузаштаи диёр

Тадқиқу баррасии гузаштаи пурифтихори диёрамон аз вазифаҳои муҳими имрӯза ба шумор рафта, баҳри равшан намудани саҳифаҳои ба насли имрӯза ноаёни таърих хизмат мекунад. Донистан ва омӯхтани ҳаёту муборизаи аҷдодони шарафмандамон, ки дар ҳифзи Ватан ва ободиву фаровонии он ҷонбозиҳо намудаанд, дар қалби ҳар фарди соҳибидрок ҳисси ифтихор ва дар баробари ин, масъулиятро баҳри боз ҳам гулгулшукуфии он бедор хоҳад намуд.
Имрӯз, ки бо ташаббуси Президенти мамлакатамон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти халқамон ислоҳоту дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодааст, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоде баҳри Эҳёи навин гузошта мешавад. Самарқанди куҳанбунёду ҳамешаҷавон низ дар тамоми давраҳои таърихи башарият саҳми намоёни худро гузоштааст ва минбаъд низ хоҳад гузошт. Маълум, ки ҳар заррахоки он таърихи бойе дар худ ниҳон дошта, дар ин бобат асарҳои пурқимати гузаштагон то ба мо омада расидаанд. Ҳамин вазифаи муҳим ва дар баробари ин мушкилписандро олим ва адиби машҳури самарқандӣ, журналисти шинохта, номзади фанҳои филологӣ шодравон Ғафурҷон Маҳмудов, ки то охири умр дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият дошт ва қариб 12 сол сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» буд, бо адиби забардаст Адаш Истад ба дӯш гирифта, китоби пурмӯҳтавои «Армуғон»-ро ба мухлисони адаб армуғон оварда буданд.
Муаллифон кӯшидаанд дар китоб дақиқнигорона саҳифаҳои пурифтихори ин шаҳри бостониро барои мухлисон ба рӯйи сафҳо оранд ва ба ин кор муваффақ низ шудаанд. Зеро дар он аз даврони қадим сар карда, то ба имрӯз, хусусан давраи ҳукмронии Темур ва темуриён мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Маводи пурқимати китоб бо се забон – тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ навишта шуда, барои муҳаққиқону таърихшиносон ва маърифатпарварон манбаи муфид ба шумор меравад. Аз ин рӯ, талаботи хонандагони сершуморро ба ҳисоб гирифта, рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо ташаб­б­уси ҷавонмарди соҳибфарҳанги Самарқанд Акбар Маҳмудов чопи дубораи асарро ба роҳ монд.
Ба китоб Қаҳрамони Ӯзбекистон Ҳасан Нормуродов пешгуфтор навишта таъкид намудааст, ки он ба пешвози ҷашни 30-солагии Ватани маҳбубамон тӯҳфаи арзанда мебошад. Китобро варақ зада, кас бо таърихи боғдориву гузарсозӣ ва масҷиду чорбоғҳои бунёднамудаи аҷдодонамон муфассал шинос мешавад. Далелҳое, ки аз «Вақфномаи Хоҷа Аҳрори Валӣ» ё худ асарҳои Абдураззоқи Самарқандӣ барин манбаъҳои таърихӣ гирифта шудаанд, қадру қимати китобро боз ҳам меафзояд.
Хонанда бо мутолиаи навиштаҳои ҷолиб, аз қабили «Бозори болопӯшидаи Амир Темур», «Дар ноҳияи Самарқанд чанд булвар мавҷуд будааст?», «Навоӣ – донишманди чорбоғсозӣ», «Маймурғ низ пойтахти Суғд буд», «Малика Меҳрубонхонум ва мадрасаҳои зарринқабои ӯ», «Самарқанд ва пайғамбарон», «Шаҳри Самарқанд чанд дарвоза дошт?» ва ғайра саҳифаҳои пурғановати таърихи шаҳри бостониро бори дигар варақгардон мекунад.
– Сад дареғ, ки падари бузургворам қариб даҳ сол боз дар байни мо нестанд, – гуфт Акбар Маҳмудов. – Ба пешвози зодрӯзи қиблагоҳамон мо фарзандону наберагон, сулолаи Маъруфиён, дӯстону ҳамкасбон ният кардаем, ки китоби хотирот ва асарҳои илмиашонро таҳия ва чоп намоем.
Мо низ умед мекунем «Армуғон», ки дар қатори асарҳои инъикоскунандаи таърихи гузашта ва замонавии Самарқанди куҳанбунёд ҷой гирифтааст, барои тадқиқоти минбаъдаи олимону пажӯҳишгарони муҳаққиқ ҳамчун дебочае хизмат хоҳад намуд.

Б.РАҲМОНОВ,
Ф.ШУКУРЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ