Чаро ҷудошавии оилаҳо зиёд мешавад?

Мақолаи «Ба қадри оилаам нарасидам» («О.С.» № 5.20.01.21) дар бораи яке аз мавзӯҳои доғи рӯз аст: шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳо сабаб ва зоҳиран гоҳо баҳонаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон мешаванд. Чаро баҳона? Биёед, аввал воқеаи дар мақола нақлшударо мухтасар ба ёд оварем:
Духтаре ба оилаи ба қавли худамон хондагиҳо келин мешавад. Ӯ баъди чанде акси худ ва дертар акси фарзандашро дар сафҳаи телеграм мегузорад ва ҳамин чиз оилаи навро ҷудо мекунад.
Ҳоло зан аз кардаҳояш пушаймон асту худро айбдор меҳисобад. Аксарияти мо мардон низ бе ягон гапи зиёдӣ ба ин розӣ ҳастем. Ҳатто, тайёрем ба зани худ гӯем, «ана аз ин ибрат бигиру кората дониста кун». Мақола ҳам гӯё мехоҳад, ки мо бе чуну чаро занро айбдор шуморем. Бешубҳа, зан беайб набуд. Вале, худи ӯ инро фаҳмид, пеши шавҳар рафту узр пурсид. Вақте, кас айби худро мефаҳмаду эътироф мекунад, ин як нишонаи бузургӣ аст. Табиати инсон ба хато кардан моил аст, аммо на ҳама дар зиндагӣ иштибоҳи худро дарк мекунад. Баъзеҳо баъди фаҳмидани хатои худ барои эътирофи он ҷуръат пайдо намекунанд, ё, кибр сари роҳашонро мегирад. Аммо ин зан оқилона рафтор кард ва бахшиш пурсид. Барои чӣ? Барои он, ки оилаашро нигоҳ дорад ва як қисми хеле муҳими умри фарзандашро, ки «даври бачагӣ» ном дорад, аз талхиҳои зудҳангоми зиндагӣ ҳифз кунад. Зан барои нигоҳдории оила дер накарда буд. Аммо, чи тавре, ки устод Рӯдакӣ мегӯяд:
– Ҳар кӣ н-­омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-­омӯзад зи ҳеч омӯзгор –
шавҳари ӯ то дами издивоҷ кардан ба ҳадде «ғарқ»-и маълумоти олӣ гирифтан ва ғайраҳо шуда буд, ки дар натиҷа барои омӯхтан аз рӯзгор, ибрат гирифтан аз зиндагии одамони гирду атроф дер кард. Надонист, ки агар хоҳад, барои бахшидани зан сабабҳои фаровон пайдо мекунад. Ин, ки шавҳар нахост акси фарзандаш дар интернет бошад, дуруст аст. Эҳтимоли расидани чашми бад мумкин вуҷуд дорад. Шояд, касоне, ки дар интернет ҳамарӯза аксҳои гуногуни кӯдаки туро мебинанд, бо ёди бефарзандиашон зиқ шаванд. Аммо, бародарҷон, инҳо сабаб намешаванд, ки кӯдакатро аз меҳри худат, ё модараш маҳрум кунӣ. Аслан, касе, ки ба шодиву ғами дигарон бефарқ нест, чӣ хел аз баҳри оилааш гузашта метавонад?
Ҳар кас дар муҳите калон мешавад. Занат ва ё ҳар каси дигареро, ки тақрибан 20 сол дар як муҳити дигаре парвариш шуд, наметавонӣ дар муддати кӯтоҳе ба муҳити худ мувофиқ кунӣ, ҷаҳонбиниашро ислоҳ кунӣ. Ин кор вақту сабр мехоҳад. Билохира, зандорӣ ҳам як дипломатия аст. Шавҳар бояд мисли сафир кор кунад: вақти ҷанг барои сулҳ ва вақти сулҳ барои мустаҳкамии он кӯшиш кунад. Ҳофизи бузургвор мегӯяд:
Осоиши ду гетӣ
тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват,
бо душманон мадоро.
Вақте бузургон мефармоянд, ки бо дӯстон муруввату бо душманон мадоро кун, бояд бо зан ҳам созиш кунӣ. Чун модари фарзандат аст. Чунки, оила муқаддас аст. Як дӯсте дорам, ки занаш чанд бор бо баҳонаҳои ночизе қаҳр карду рафт. Чанд бор маҷбур шуд, ки худаш занашро ба хонаи падар бурда монад. Аммо, ҳамеша баъди андаке мерафту ҳамсару фарзандашро ба хона меовард. Чунки масъулияти шавҳар будан ва падар будан роҳ намедод, ки хатои занаш, ё худаш оиларо вайрон кунад. Ақлаш ғурурро зери назорат гирифта буд.
Хуб, ҳоло дар бораи нақши падару модарон низ гап занем. Ҳанӯз дар оғози ҳикоя ин зан соҳибмаърифату зиёӣ будани шавҳару оилаи ӯро таъкид мекунад. Саволе ба миён меояд: падару модари зиёӣ чӣ гуна роҳ доданд, ки оилаи писарашон ба ин осонӣ вайрон шавад? Чӣ гуна ба писари соҳибмаълумоташон фаҳмонда натавонистанд, ки ин баҳона барои ҷудошавӣ сабаб намешавад. Онҳо вақте диданд, ки фарзандон аз ҷавонӣ, ё нодонӣ корро ба сӯи ҷудоӣ мебаранд, бояд бо насиҳату маслиҳат онҳоро ба роҳи дуруст баргардонанд. Ҳазор афсӯс, ки баъзе падару модарон вақти сукут ба оилаи фарзандон дахолат мекунанд, аммо вақте, ки бояд дахолат кунанд, сукутро ихтиёр менамоянд…
Хулосаҳои воқеа
Якум. Дар сафҳаи телеграм акси худ ва фарзандашро гузоштани ин зан боиси ҷудошавӣ шуд. Шавҳар дар ин вазъият натавонист муамморо дуруст ҳал кунад. Пас, ӯ ҳанӯз ба оиладорӣ тайёр набуд. Муҳим нест, ки синнаш ба 20 расида, ё 30, ё 40. Муҳим ин аст, ки ба ҳадди оиладорӣ ба балоғат нарасида буд. Ё бо ҳавас, ё бо исрори падару модар хонадор шуда буд.
Дуввум. Вақте мехоҳед бо касе, ё оилае муносибатҳои наздик дошта бошед, дипломҳову унвонҳои онҳо шуморо фирефта накунад. Бо ҷидду ҷаҳд низ соҳиби ин чизҳо шудан имкон дорад. Аммо, диплому унвон ҳамеша сатҳи донишу хиради касро нишон намедиҳад.
Саввум. Имрӯз духтару писарон пеш аз «хай шудан» бо ҳамдигар вохӯрӣ мекунанд. Онҳо бояд вақти тиллоии ин сӯҳбатро бо гапҳои беҳуда сарф накунанд ва бо дунёву ҷаҳонбинии якдигар то ҳадди имкон ошно шаванд. Масалан, ошкор гӯянд, ки кадом хатоҳоро бахшида метавонанд ва дар кадом ҳолатҳо сабру таҳаммул надоранд. Ин хеле муҳим аст. Бо ин роҳ онҳо мефаҳманд, ки оё, метавонанд арзишҳои ҳамро мисли арзишҳои худ қабул кунад ва дар оянда бо муросову мадоро зиндагӣ кунанд.
Чорум. Қудоҳо вақти пайдо шудани муаммои ҷиддӣ дар миёни фарзандон якҷоя ба ҳалли он кӯшанд. Худгароӣ (эгоизм) ва манманиро як сӯ гузоранд ва дар фикри ояндаи фарзандону наберагон бошанд.
Мақсад аз навиштани ин мақола занро беайбу шавҳарро айбдор кардан нест. Бояд фаҳмем, ки оила муқаддас аст. Барои нигоҳдории оила бояд фидокорӣ кунем, аз худ гузарем, хатоҳои ҳамдигарро бубахшем. Худованд ба шайтон мегӯяд, ки агар бандагонам солҳои дароз гуноҳ мекунанду боре пушаймон мешаванд ва тавба мекунанд, онҳоро мебахшам. Мо бандагон, ки худ аз бахшандагии ӯ умедворем, чаро ҳамдигарро намебахшем?

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ