Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

ДАР БОРАИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ МИҚДОРИ МУЗДҲОИ ЯКМАРОТИБАГӢ, ПАРДОХТҲОИ ИҶОРА ВА АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲОЕ, КИ АЗ ТАРАФИ МАЪМУРИЯТИ БОЗОРҲО ВА МАҶМӮЪҲОИ САВДОИ ВИЛОЯТ РӮЁНИДА МЕШАВАНД

Дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми апрели соли 2010 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмилдиҳии ташкили фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ ва маҷмӯъҳои савдо» таҳти рақами ҚП‑1326 (Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2010, шумораи 17, моддаи 131), ба инобат гирифтани муроҷиати Иттиҳоди бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят аз 12-уми январи соли 2021 (рақами 8), хулосаҳои Сарсадорати молияи вилоят аз 12-уми январи соли 2021 (таҳти рақами 01/02–38/56) ва Садорати давлатии андоз аз 12-уми январи соли 2021 (рақами 20/5–01498) ҚАРОР МЕКУНАМ:

Зеринҳо:
Миқдори нави муздҳои якмаротибагии пардохтҳои иҷораи аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят рӯёндашаванда мувофиқи иловаи 1;
Миқдори пардохти рӯёндашуда барои ба иҷора додани бино, иншоотҳо ва инвентарҳо ва хизматрасониҳои ҳудуди бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят мувофиқи иловаи 2;
Миқдори пардохти барои фурӯши маводи сохтмони калонҳаҷм ва вазнини дар ҷойҳои махсуси ҷудошуда аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят мувофиқи иловаи 3 тасдиқ карда шавад.

Қарори ҳокими вилоят аз 20-уми феврали соли 2020 «Дар бораи нишон додани миқдори нави муздҳои якмаротибагии пардохтҳои иҷора ва хизмат­расониҳо аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят рӯёндашаванда» таҳти рақами Қ‑22 аз эътибор соқит дониста шавад.

Хизмати ахбори котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М. Мирзоев) қарори мазкурро дар рӯзномаҳои «Зарафшон»ва «Самаркандский вестник» эълон ва дар веб-­сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷойгирсозиро таъмин намоянд.

Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ эътиборан ба амал медарояд.

Назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.


И.м.в. ҳокими вилоят Ж.ӮРОҚОВ
29-уми январи соли 2021,
таҳти рақами Қ‑12

ЭЗОҲ:
Ҳангоми савдо кардан бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва молҳои истеъмоли халқ ҳисоби як ҷой (мавқеи савдо) 1-1,2 метри погон гӯён нишон дода мешавад ва аз ин ҳисоб барои ҷойи зиёдатӣ ба таври иловагӣ ба миқдори пардохти барои ҳар як ҷойи савдои нишондодашуда музди ҷой рӯёнида мешавад.
Дар ҳоли омехта фурӯхтани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва молҳои истеъмоли халқ мувофиқи ставкаи баландтарини нишондодашудаи намуди маҳсулоти фурӯхташаванда пардохт рӯёнида мешавад.
Дар бозорҳои деҳқонии ноҳияҳои Қўшработ, Иштихон, Каттақўрғон, Пайариқ ва Ургут барои дар тарозуи калон баркашидани ҳар як килограмм мавиз 350 сӯм пули патта ситонида шавад.
Дар асоси ҚҶӮ-659 мувофиқи дигаргуниҳои ба моддаи 461-и Кодекси андоз воридшуда тамоми бозорҳои деҳқонӣ ва комплексҳои савдо пардохтгари ААИ ҳисобида мешавад ва барои хизматрасонӣ ба миқдори 15 фоиз андози ААИ ситонида мешавад
Барои ҳифзи объектҳои фоидабарии умумии дар комплексҳои деҳқонӣ ва савдои шаҳри Каттақӯрғон хизматҳои ҳатмии 9000 сӯм муқаррар гардад;
Дар филиалҳои ноҳиявии рӯзҳои кориашон як (ду)-соата барои ҳифзи объектҳои истифодабарии умумӣ хизматрасонии ҳатмӣ 9000 сӯм муайян шавад;
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми апрели соли 2010 таҳти рақами ҚП-1326 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмилдиҳии ташкили фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ ва комплексҳои савдо», рӯйхат ва арзиши хизматрасониҳои маҷбурӣ аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тасдиқ карда мешавад. Хизматҳои мазкур ба мулкдорони бино ва иншооти ҳудуди бозорҳо ва комплексҳои савдо нишон дода мешавад, инчунин, барои онҳо бинобар майдонҳои замини ишғолкардаи дар ҳуҷҷатҳои кадастр нишондодашудаашон музд пардохта мешавад.
Бар асоси ҚҶӮ-659 бар асоси дигаргуниҳои ба моддаи 461 –и Кодекси андоз воридшуда тамоми пардохткунандаи ААИ –и тамоми бозорҳои деҳқонӣ ва комплексҳои савдо ҳисобида мешавад ва барои хизматрасонӣ ба миқдори 15 фоиз андози ААИ ситонида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ