Ҷефф Безос вазифаи сармудири «Amazon»-ро вогузор мекунад


Ҷефф Безос, сарватмандтарин марди ҷаҳон ва асосгузори Amazon соли ҷорӣ вазифаи сармудирии ширкатро аз худ соқит мекунад ва раиси мудирони шӯрои мудирон мегардад.
Бино ба хабари маркази матбуотии Amazon, Энди Ҷесси дар аввали семоҳаи сол сармудири нави ширкат хоҳад шуд.
Безос гуфт, «Ман ҳеч гоҳ мисли имрӯз пур аз энергия набудам ва аз кор рафтани ман мумкин нест. Ман ҳамчун раиси шӯрои мудирон мемонам ва дар ташаббусҳои муҳимми Amazon иштироки худро идома медиҳам. Акнун ман барои рушди лоиҳаҳои Day 1 Fund, Bezos Earth Fund, Blue Origin ва ғайра вақти бештар хоҳам дошт».
Ба фикри Безос, ҳолати хуби молиявӣ ва барқарории ширкат ба ӯ имкон медиҳад, ки вазифаи худро иваз кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ