«Сенатори адолатпарвар», «Сенатори халқпарвар», «Сенатори меҳнаткаш» ва «Сенатори собиқадор» аниқ гардид


Бо қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз 1-уми феврали соли 2021 ба як гурӯҳи сенаторҳо мақоми махсус дода шуд. Дар ин бора ӮзА хабар медиҳад.
Аз ҷумла, тавсияҳои Комиссия оид ба ҳавасмандгардонии маънавӣ ва моддии аъзои Сенат аз 26-уми январи соли 2021 баррасӣ гардида, ба инҳо мақом дода шуд:
Орал Аминовна Атаниязова — «Сенатори адолатпарвар»;
Маҳмудҷон Тоиров — «Сенатори халқпарвар»;
Фармон Исхакович Тошев — «Сенатори меҳнаткаш»;
Сайёра Раҳматовна Баратова — «Сенатори собиқадор»;
Баҳром Мамажанов — «Сенатори собиқадор»;
Шукурҷон Маматқулов — «Сенатори собиқадор».

Аъзои сенат ва сенаторони собиқ, ки ба ин мақом сарфароз шудаанд, бо тартиби муқарраршуда бо сертификат ва мукофоти якмаротибаинаи пулӣ сарфароз гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ