#Ҷамият Мулоқоти Сарвари Ӯзбекистон бо пешвоёни ҳизб


Хадамоти матбуоти сарвари давлат мегӯяд, ки баланд бардоштани нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти Ӯзбекистон аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳизбҳо баррасӣ карда шуд.

Иштирокчиёни маҷлис нақши муҳими ҳизбҳои сиёсиро дар татбиқи ислоҳот ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон қайд карданд. Масъалаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ низ баррасӣ шуд.
Аҳамияти ҳизбҳои сиёсӣ дар маҳалҳо омӯхтани мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қайд карда шуд. Иштирокчиён барои ҳалли ин мушкилот пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби «Миллий Тикланиш», Ҳизби Халқии Демократӣ, Ҳизби Сотсиал-Демократии Адолат ва Ҳизби Экологӣ ширкат варзиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ