Ширкати Pfizer мунтазири даромади 12-миллиардӣ аз фурӯши ваксинаҳо


Ширкати дорусозии Pfizer, ки бо ҳамкории BioNTech ваксинаи зиддикоронавирусӣ сохт, имсол аз фурӯши доруҳо 12,5 миллиард даромад интизор аст.
Бино ба хабари Евронюз, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои решакан кардани пандемияи коронавирус омода ҳастанд бо ширкати Pfizer, ки имсол нақшаи истеҳсоли 2 миллиард доза ваксинаро дорад, ҳамкорӣ кунанд.
Pfizer дар моҳи январ тақрибан 65 миллион доза ваксина фурӯхт. Тақрибан нисфи ваксинаҳоро ИМА харид кард. ИМА мехоҳад то поёни моҳи май аз ин ширкат 200 миллион доза ваксина харад.
Pfizer барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли ваксина ба ҷараёни истеҳсолот тағйирот ворид кард. Дар натиҷа, кишварҳои аврупоӣ натавонистанд дар ин муддат ҳаҷми супоришдодаи худро дарёфт кунанд. Аммо, намояндагони ширкат таъкид мекунанд, ки ин муваққатӣ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ