Ғазалиёти Навоӣ дар Россия бо ду забон чоп гардид


Дар яке аз нашриётҳои бонуфузи Россия – “Чебоксары” ғазалиёти шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ бо забонҳои русӣ ва чувашӣ чоп гардид.
Маълум аст, ки мероси бебаҳои эҷодӣ ва илмии шоири зуллисонайн, арбоби машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ Алишер Навоӣ на танҳо дар рушди адабиёти миллӣ, балки дар инкишофи адабиёти ҷаҳонӣ низ аҳамияти хоса дорад.
Ин аст, ки имсол 580-солагии зодрӯзи Навоӣ на танҳо дар мамлакати мо, балки дар ҷаҳон васеъ ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, ин китоб низ ба муносибати зодрӯзи Навоӣ нашр шудааст.
Ғазалҳоро Николай Кушманов ба забони русӣ моҳирона тарҷума кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ