Дар бораи Навоӣ филм ба навор гирифта мешавад


Дар асоси супориши Агентии миллии «Ӯзбеккино» аз тарафи корхонаи унитарии давлатии » Ҳужжатли ва хроникал фильмлар киностудияси» ва студияи «SPECTER» наворгирии филми таърихӣ-ҳуҷҷатии «Алишер Навоӣ» оғоз гардид.
Филми таърихӣ-ҳуҷҷатии «Алишер Навоӣ» ба муносибати 580-солагии зодрӯзи Алишер Навоӣ ба навор гирифта шуда, дар он шахсият ва осори мутафаккир бо нуқтаи назари нав офарида мешавад. Филм яке аз силсилаҳои 24 қисмӣ мебошад, ки бо номи «Дили мардум» ба навор гирифта мешавад.
Дар филм реконструксияи таърихӣ ва бадеӣ, графикаи компутерӣ ва мусоҳибаҳо бо намояндагони Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ, олимони навоишинс истифода шудааст. Наворбардорӣ дар вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва шаҳри Тошканд сурат мегирад.
Хизмати ахбори Агентии миллии «Ӯзбеккино».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ