Абдулло Арипов Улуғбек Мариповро бо оғози фаъолияти сарвазирии Қирғизистон табрик кард


Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон рӯзи 3 феврал ба Улуғбек Марипов, сарвазири нави Қирғизистон паёми шодбошӣ фиристод.
Ёдовар мешавем, Садир Ҷапаров, раисҷумҳури навинтихоби Қирғизистон чанде пеш сарвазири кишвар таъин карда буд.
Марипови 41-сола солҳое пеш ёвари Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон буд.
Бояд гуфт, ки бо қарори порлумони кишвар дар таркиби ҳукумати нав тақрибан нисфи аъзои ҳукумати қаблӣ вазифаҳои худро идома медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ