ЮНИСЕФ ба Ӯзбекистон 2,64 миллион доза ваксинаи AstraZeneca-ро бо нархи арзон тақдим мекунад


Ӯзбекистон аз Бунёди кӯдакони Созмони милали муттаҳид – ЮНИСЕФ 2,64 миллион доза ваксинаи ширкати AstraZeneca дарёфт мекунад. Дар ин бора маркази матбуотии ЮНИСЕФ хабар дод.
ЮНИСЕФ ваксинаҳоро дар чорчӯби Барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нархи аслиаш Ӯзбекистон тақдим мекунад. ЮНИСЕФ ғайр аз Ӯзбекистон ба 91 кишвари дигар ҷаҳон, ки сатҳи даромади аҳолиаш миёна ва паст аст, низ чунин ёрӣ медиҳад. Нархи як дозаи ваксина тақрибан 3 доллар мебошад.
Аз моҳи ҷорӣ – феврал кишварҳо дарёфти ваксинаҳои AstraZeneca-ро оғоз мекунанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Баҳодир Юсупалиев, муовини вазири тандурустии Ӯзбекистон гуфта буд, ки дар кишвар масъалаи роҳандозии истеҳсоли ваксинаи «Спутник V»-и Русия баррасӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ