Ӯзбекистон дар Индекси демократия-2020 дар паллаи 155-ум ҷой гирифт


Ширкати The Economist Intelligence Unit, ки ҳар сол индекси демократияи кишварҳои ҷаҳонро таҳия мекунад, феҳристи соли 2020-умро низ мунташир кард.
Ӯзбекистон дар феҳристи соли 2020-уми индекс дар миёни 167 кишвари ҷаҳон паллаи 155-умро гирифт.
Бояд гуфт, ки кишвари мо дар феҳристи соли 2019-и демократия дар паллаи 157-ум ҷойгир буд ва дар муддати як сол 2 палла болотар рафт.
Норвегия, Исландия, Шветсия ва Зеландияи нав мисли соли 2019 дар аввали феҳрист ва дар ҷойҳои худ қарор гирифтанд.
Канада, Финландия, Дания, Ирландия, Австралия ва Нидерландия низ дар даҳгонаи аввал ҷойгир шуданд.
ИМА дар паллаи 25-ум, Русия дар паллаи 124-ум ва Чин дар паллаи 151-ум қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ