Дар як ҳафта ду нафар сарвазири собиқи Қирғизистон боздошт шуд


Кубанчибек Ҷумалиев, сарвазири собиқ ва намояндаи порлумони Қирғизистон боздошт шуд. Дар ин бора кумитаи миллии амнияти кишвар хабар дод.
Бино ба маълумоти кумита, Ҷумалиев бо мақсади гирифтани литсензия барои фаъолият дар соҳаи таълим аз таъсири сиёсии худ истифода бурда ва ба вазорати таълим фишор овардааст. Баъди ин ба ӯ литсензия додаанд.
Ҳамчунин, Ҷумалиев бо қонунисозии даромадҳои ҷиноиву насупурдани андоз молу сарват ҷамъ кардааст.
Ҷумалиев солҳои 1996-1998 сарвазири Қирғизистон буд. Ӯ сар аз соли 2015 намояндаи порлумонӣ аз фраксияи “Бир Бол” аст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 28 январ Муҳаммадқалий Абилгазиев, як сарвазири дигари собиқи Қирғизистон боздошт шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ