Шоире аз табори роздони анҷуман

(Сухане чанд аз рӯзгор ва осори Нормурод Каримзода)

Ҷумъа ҲАМРОҲ, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои филологӣ, профессор

Нормурод Каримзода аз чеҳраҳои шинохтаи муҳити адабию илмӣ ва фарҳангии кишвари мо буда, беш аз панҷоҳ соли умри бобаракати худро дар роҳи пешрафти мактабу маориф, табъу нашр, шеъру шоирӣ ва равнақи матбуоти даврӣ харҷ кардааст. Банда  ӯро дар давоми ин солҳо ҳамчун як нафар зиёии равшанфикри огоҳ ва шоири ҳунарманд мешиносам ва ба мавқеи инсониву омӯзгорӣ ва шоириву рӯзноманигориаш арҷ мегузарам.

Солҳои сипаришуда шарҳи ҳоли қаҳрамони моро бозгӯ ва моҳияти зиндагиномаашро ба мо менамоёнанд, ки фақат ба маҳал, солу рӯзи таваллуд ва зинаҳои фаъолияти меҳнатии ӯ маҳдуд намешаванд. Солҳо ифодагари амалу кирдор, кардаву нокардаҳо ва ормонҳои ҳамешагӣ мебошанд, ки ба ҳар навъе чеҳраи инсонӣ ва маънавии Нормуродро шакл додаанд.

Нормурод дар деҳаи Ӯрташайх (шафати Кӯи Сахо)-и ноҳияи Самарқанд ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 16-и зодгоҳ хатм намудааст. Баъд таҳсилро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд идома дода, онро бо дипломи аъло ба анҷом расонидааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун рӯзноманигор дар рӯзномаи ҷумҳуриявии “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) оғоз намуда, баъдан дар мактаби миёнаи рақами 45-и ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд омӯзгорӣ кардааст. Солҳои 1973-1981 ҳамчун пешоҳанг, котиби ташкилоти ҷавонон ва муаллими забон ва адабиёт дар мактаби зодгоҳаш фоъолият намуда, роҳбарии иттиҳодияи муаллимони забон ва адабиёти тоҷикро бар ӯҳда доштааст. Дар солҳои 1976-1991 ҳамзамон дар кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба таълим ва тарбияти шогирдон машғул будааст.

Фаъолиятҳои минбаъдааш ҷанбаи амиқи фарҳангию омӯзишӣ дошта, ифодагари масъулияти инсонӣ ва ҳунарии ӯ дар назди ҷомеаи кишвар мебошад. Ширкат дар чорабиниҳои гуногуни адабию фарҳангӣ, сафарҳо ба хориҷ аз кишвар, робитаҳои судманд бо аҳли илму адаб, ҷомеашиносон ва доираҳои мухталифи ҷомеа, табъу нашри маҷмӯаҳои ашъораш таҳти унвонҳои “Меҳрнома” (1997), “Авроқи дил” (2004), “Насими фараҳбахш”, “Меҳр кузда” (2008), “Оби раҳмат” (2011), “Равзаи роз” (2013), “Чаманистони андеша” (2013) ва ғайра ҷузъи муҳими зиндагиномаи ӯ буда, Нормурод Каримзодаро ҳамчун инсони фарҳангӣ, шоири соҳибсабк ба ҷомеа муаррифӣ мекунад. Хидматҳояш аз ҷониби ҳукумат бо медали “Шӯҳрат”, нишонҳои “Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон” ва ғайра қадр карда шудааст.

Нормурод Каримзода чӣ дар солҳои донишҷӯӣ, чӣ дар давоми фаъолияти серсоҳаи баъдиаш аз фаъолони ҷомеаи шаҳовандии мо буд ва бо амалҳои судмандаш дар таҳия, таҳрир ва нашри осори гуногуни илмӣ, адабию фарҳангӣ низ ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Ному кори ин марди фидоии адабу фарҳангро, пеш аз ҳама, мавқеияти инсонӣ, ҳунарӣ ва сарсупурдагиаш дар роҳи пешрафти илму адаб, мактабу маориф ва табъу нашру матбуот мушаххас ва мӯътабар месозад, ки шоирӣ ҷузъи ин талошҳои ӯст. Бинобар ин лозим медонам, ки баъзе мулоҳизаҳоямро мухтасаран дар боби шеъру шоирии Нормурод Каримзода баён кунам.

Муҳимтарин нуктае, ки дар боби ҳунари шоирии ӯ арз карданиям ин аст, ки шеъри ӯро метавон дилномаи шоир дар матни воқеиятҳои зиндагии мову шумо гуфт.  Нормурод ҳамчун шоир аз воқеиятҳои зиндагӣ, амалу кирдор ва сарнавишти инсонҳо илҳом гирифта, дар ин замина назари шоиронаашро ба воситаи тасвири мавзӯъ ва масъалаҳои гуногун баён кардааст. Дар ин равиш табиист, ки ӯ ҳамчун як инсон, як шаҳрванд беш аз ҳама дар бораи Ватан, дирӯзу имрӯз ва ояндаи он андешидааст. Шеъри “Ману меҳан” ифодагари андешаҳои ӯ дар бораи Ватан буда, назари пурмуҳаббати шоирро нисбат ба Ватан ба василаи тасвирҳои шоирона муҷассам месозад. Сатрҳои зерро касе суруда метавонад, ки ормони ватансозӣ ва ояндабинӣ дорад:

Равем бо роҳи нурполо ману меҳан, ману меҳан,

Заминро медиҳем оро ману меҳан, ману меҳан.

Гузар аз бухлу кин созем, ба ваҳдат хубтар омезем,

Бупарҳезем зи каҷравҳо ману меҳан, ману меҳан.

“Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем”,

Ба инсон меҳр дорем мо, ману меҳан, ману меҳан.

Тавсифу ситоиши ватан яке аз мавзӯъҳои марказии эҷодиёти Нормурод Каримзода мебошад. Қаҳрамони лирикии ӯ тамоми авҷу барори худро “дар фазои меҳри меҳан ёфта”, аз он ки дар ватан шароити рушду нумӯ барои ӯ муҳайёст, ифтихор мекунад. Ин мавзӯъ дар шеъри “Ёфтам авҷу барор” ба тариқи зер ҳунармандона ифода шудааст:

    Дар фазои меҳри меҳан ёфтам авҷу барор,

    Ёфтам пайроҳаи худ дар талоши зиндагӣ.

    Боз кардам уқдаҳои беҳисоби рӯзгор,

    Дар хаёлам ҷӯш мезад чашмаи ҷӯяндагӣ.

    Ман ватанро мепарастам ҳамчу фарзанд аз азал,

    Дар канораш ҷӯшу туғён мезанам монанди рӯд.

    Ҷой додам васфи ӯро мисра-мисра дар ғазал,

    То ба халқам армуғон созад ҳофиз бо суруд.

Мавзӯи ватан ва ватандорӣ дар эҷодиёти насли Нормурод Каримзода аз тавсифоти хушк иборат набуда, ба воқеиятҳои зиндагӣ ва сарнавишти инсонҳо пайванди амиқи маънавӣ дошта ва ин, албатта, омилҳои айниву зеҳнӣ низ дорад. Аввалан, дар замони Шӯравӣ ва ҳоло низ мавзӯи шукӯҳи ватан ва масъулияти шаҳрванд дар назди имрӯзу ояндаи он хусусияти тавсифии эътиқодӣ касб карда буд, ки арзиши иҷтимоии ин гуна ашъорро хостаҳои ақидатии (идеологии) ҷомеа муайян мекарду ҳанӯз ҳам муайян мекунад. Сониян, худи шоир парвардаи ҳамон рӯзгоре буд, ки бисёре аз тарафҳои иҷтимоиву ахлоқии он маҳаки эътиқод ва амалу кирдораш қарор гирифта буд ва муосирони ҳамсафаш низ иштирокдорони ин ҷараёни маънавию маърифатӣ буданд. Дигар ин ки яке аз вазифаҳои бунёдии адабиёт инъикос ва таблиғ кардани ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ ва ахлоқи инсон буд ва ин рисолатро бе каму кост иҷро мекард.

Нормурод Каримзода яке аз чанд тан шоиронест, ки ба мавзӯи ватан ва рисолати инсонии соҳибватан аз ҳамин мавқеъ таваҷҷӯҳ карда, дар ин замина дар жанрҳои ғазалу қитъа ва чаҳорпора шеърҳои муҳим ва таъсиргузор эҷод кардааст. Намунаи ин гуна шеъри ӯро бо зикри ғазалеву чаҳорпорае дар боло ёд кардем.

Шеърҳои зиёдеро, ки шоир дар ин мавзӯъ сурудааст, агар дар як ҷилд гирд оварем ватанномаи комилеро ташкил медиҳад. Шеъри дигари шоир-“Фарзанди ватан” масъулият ва рисолати соҳибватанро бо камоли диққат ва диди нав ба миён мегузорад, ки арзиши иҷтимоиву ахлоқӣ дорад. Шоир ин шеърро хитобан ба “фарзанди ватан” гуфта, аз масъулияти он дар назди имрӯзу ояндаи кишвар сухан ба миён меоварад. Аз ҷумла дар пораи зер хитобан ба фарзанди ватан мегӯяд:

    Фарзанди ватан, шукӯҳи миллат бошӣ,

    Шоистаи ифтихору иззат бошӣ.

    Ҳар ҷо ки равӣ, зи ҷон ба сар бардоранд,

    Тимсоли вафову меҳру ҳиммат бошӣ…

Фарзанди ватан, номвари рӯҳи ҷаҳон,

    Дар варзишу эҷоду ҳунар фахри замон.

    Омода ба имтиҳони садранги ҳаёт,

    Дилбанди худогаҳи Худованду макон.

Ватанро шоирон бисёр сурудаанду сутудаанд, бинобар ин ҳам дар ин мавзӯъ сухани тоза гуфтан ва маъние бикр бар гуфтаҳо афзудан кори ниҳоят душвор аст. Вале Нормурод Каримзода тавонистааст, ки ҳарфи дилашро дар ин боб гӯяд. Ӯ дар ин гуна шеърҳо чеҳраи иҷтимоиву маънавӣ, арзишҳову муқаддасоти моддиву ахлоқӣ, ниҳоду сиришти соҳибони ватанро аз дидгоҳи нав, дар матни воқеиятҳои имрӯза ба тасвир гирифта, ниёзу таманниёти ҳар ватандорро сарфи назар аз касбу кораш ба василаи тавсифу тасвир ва лобаву ниёишҳои шоирона иброз доштааст. Дар назари ӯ амният ва осудагии ватан, пеш аз ҳама, ба омодагиву устуворӣ ва масъулиятшиносии ҳар фарди ватанхоҳ вобаста аст. Аз ин назар хитобаш ба ҳамватан суоломез бошад ҳам,  ҷанбаи нигаронӣ надошта, балки итминон медиҳад, ки ҳамватан дар ҳифзи ватан ҳамеша омода аст:

    Бигӯ, эй дӯст, дар ҳифзи ватан омодаӣ ё не?

    Дар ин роҳи накӯ мардона по бинҳодаи ё не?

    Ба хокаш саҷда бояд кард чун фарзанди шоёне,

    Нишон аз паҳлавон Суҳроби Рустамзодаӣ ё не?

Дар шеъри ватанхоҳии Нормурод Каримзода оҳангҳои ҳаётдӯстӣ, арҷ гузоштан ба зиндагӣ, ба қадри ватан ва ҳар лаҳзаву ҳар нафас расидан, дурӣ ҷустан аз хиёнату тавтеагарӣ ҷойгоҳи хос дошта, паҳлуи муҳими ғояҳои инсондӯстӣ ва ватанпарварии эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд. Қитъаи зер як навъ хулосаи шоирро дар боби ватан ва ватандорӣ ҳунармандона инъикос намудааст:

    Дил хуш аз шукронаҳои давру даврони Ватан,

    Шаҳру деҳ обод аз саъйи дучандони Ватан.

    Нангу номус, орият бар халқи мо зебанда бод,

    Дашту кӯҳ зебост бо ҳусни дурахшони Ватан.

Ғояи инсонпарваронаи ашъори иҷтимоимазмуни шоир аслан аз сарчашмаи арзишҳои олии маънавию ахлоқии меросии миллӣ баҳра гирифта, ҳадафҳои  ахлоқӣ дар шеъри ӯ аз решаи чунин меъёрҳои рӯҳоние мисли ибратгирӣ, раҳму шафқат, некиву бадӣ, имону инсоф баҳра гирифтаанд, ки арзиши башардӯстона дорад. Яъне шоир дар шеъраш ба инсоне таваҷҷӯҳ дорад, ки аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат буда, номаи аъмоли ӯ барои имрӯзиёну фардоиён намунаи ибрат аст. Дарси ибрат дар шеъри ӯ аз воқеиятҳои дар нигоҳи аввал камаҳамият оғоз меёбад. Вале тааммақ сари як воқеа ё тасвири оддӣ шоирро оид ба ин ё он масъала ба хулосаи ҷиддӣ ва пураҳамият меовард. Масалан, дар нигоҳи аввал шеъри “Ҳикмати қабристон” оддӣ ва воқеияти маъмулӣ менамояд. Вақте ки бо андешаҳои шоир ва муҳокимарониҳои ӯ дар боби қабристон тадриҷан шинос мешавем, ба моҳияти “ҳикмати қабристон”, ки раҳнамои зиндаҳост, сарфаҳм меравем. Дар ин шеър шоир қитъаи машҳури Лоиқ-

    Барои зиндагон бояд бигӯям

    Ки қабристон барои мурдагон нест.

    Ки қабристон барои зиндагон аст,

    Ки то донанд фардо қадрамон чист,-ро эпиграф оварда, андешаи худро дар бораи моҳияти маргу зиндагӣ ифода кардааст. Тасвири ботааммули ӯ қабристон ва сарнавишти мурдагонро ҳамчун оинаи ибрат дар назари хонанда ҳамеша зинда ва муқаддас нигоҳ хоҳад дошт. Хонанда сатрҳои зерро дар оинаи ахлоқ ва маънавиёти  миллӣ арзёбӣ хоҳад кард:

    Маро ҳар субҳ қабристон ба сӯяш мекашад, ёрон,

    Ки то ёбам хабар аз ҳоли ин маъвои хомӯшон.

    Ки то орам ба хотир рафтаву бошандагони он,

    Набошам заррае ғофил аз ин дунёи бесомон.

    Чӣ асроре, чӣ осоре ниҳон дар хоки гӯристон,

    Ҳазорон қиссаву савдо маитонро ба ёд оранд.

    Чӣ дунёе, чӣ дилҳое бувад бар чашми мо тобон,

    Зи зери ҳар кадом қабре нигаҳ бар сӯи мо доранд.

    Яке мепарварид ишқ аз барои ёри беҳамто,

    Дигар баҳри ватан дар корзор ҷонаш фидо мекард.

    Зи маргаш бехабар шому саҳар побанди ташвишҳо,

    Барои комёбиҳо таваккал бар худо мекард.

    Агарчанде макони охират тимсоли хомӯшист,

    Ба ёд меоварад ормону арзишҳои аҷдодӣ.

    Аҷаб ҳикмат муҷассам дар фазои поки оромист,

    Дар ин ҷо кас намебинад бадӣ, номардӣ, бедодӣ…

Табиист, ки таҷрибаи кору фаъолиятҳои гуногун дар соҳаи таълиму тарбия, табъу нашр, адабиёту матбуот ба Нормурод Каримзода имкон ва ҳаққи маънавӣ медиҳад, ки оид ба  зиндагӣ ва шебу фарози он, амалу кирдор ва хулқу хӯйи одамон мушоҳидаву мулоҳиза ва бардоштҳояшро дар шакли панду андарз ва тавсияҳои раҳнамо ба хонандагон пешниҳод гардонад. Дар ин замина як силсила шеърҳои ӯ ва маснавии “Панди ҳаёт” ҷолиб ба назар мерасад. Дар ин радиф метавон аз шеъри “Аз дафтари дил” ёд карда, ки як навъ тавсияномаи ахлоқии шоир ба хонандаи маънирас мебошад. Зайли намуна пораеро аз ин шеър иқтибос мекунем:

    Хезу ҷаҳде бинамо, вақти тамошо набувад,

    Дар кафи боди сабо ризқ муҳайё набувад.

    То ба кай мекашӣ ранҷ аз пайи анбӯҳи ҳавас,

    Ҳеҷ донои замон пайрави ғавғо набувад.

    Кӯш то гулшани ғайрат нашавад хору хароб,

    Беҳунарро ҳама ҷо омади савдо набувад.

    Мужда аз кӯйи бадӣ хобу хаёлест яқин,

    Оқилонро ғами одамӣ парво набувад…

Ин ва бисёре аз шеърҳои шоир хусусияти раҳнамоии ахлоқӣ дошта, хонандаро барои огоҳона мавқеи худро дар ин дунёи каҷдору марез муайян кардан омода месозанд. Осори ҳикматомези ӯ реша дар адабиёти ҳазорсолаи мо дошта, дар ин равиш маснавии “Панди ҳаёт” арзишманд аст. Ҳикматҳои ин маснавӣ аз матни воқеиятҳои рӯзгор берун омадаанд ва ҳадафашон танҳо омӯзишу парвариши инсони солим ва қобили зиндагист. Вазни хуш, тасвирҳои таъсиргузор ин маснавиро хонданӣ ва дилкаш сохтаанд, ки баёнгари ҳунари шоирии Нормурод аст. Байтҳои зер на фақат ҳунармандона суруда шудаанд, балки пайванди меросии ҳунари шоирро бо гузаштагон, аз ҷумла Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар шоирони ҳикматсаро таъйид менамоянд:

    Ҷони ман, дар зиндагӣ хуршед бош,

    Аз сафои умр бархӯрдор бош.

    Бош эмин аз фиреби даҳри дун,

    Дар ҳаётат беҳисоб аст озмун…

Ва ё:

    Нон зи хоне хӯрдӣ гар, дар ёд дор,

    Хуш намеояд ба мардум нобакор.

    Қулфи эҳсон боз кун бар одамон,

    То ки номат ёд орам ҳар замон.

    Бе муҳаббат дил намеояд ба ҷӯш,

    Рӯди ишқ аз қалби оташ пурхурӯш…

    Неъмат аз шукр афзун шавад,

    Аз баёни кууфр дил хун шавад.

    Илм агар дорад ҷудоӣ аз амал,

    Пеш рафтан дар ҳаёт ёбад халал.

    Фикри хом ҳам мепазад бо машварат,

    Тӯю сур хуб бигзарад бо маслиҳат…

Мо шоҳиди он ҳастем, ки осори Нормурод аз китобе то китобе такмил ёфта ва ҳаводорони шеъри ӯ дар ҳоли афзудан аст. Вай дар ҳамаи жанрҳои шеъри суннатӣ бо камоли маҳорат шеър гуфта тавонист. Имрӯз хонандаи огоҳ ӯро ҳамчун яке аз намоёнтарин шоирони ватансаро, вассофи содиқи хушиҳои зиндагӣ, тарғибгари пиндорҳои неки ахлоқӣ, шоири ишқиясаро ва раҳнамои роҳи саодат мешиносад ва қадраш мекунанд. Шеъри шоир, пеш аз ҳама, ифодакунандаи ҷаҳони андешаи худи ӯ буда, моҳияти зиндагӣ ва талошҳои ҳунариашро, ки мусбат ва созандааст, барои  муосирон ошкор месозад, ки воқеан ҳам боиси ифтихори шоир ва ҳам ихлосмандони ҳунари ӯст. Зиёда аз ин ҷуръат карда гуфтаниям, ки Нормурод дар ин панҷоҳ соли меҳнатқариниҳояш дар фаъолиятҳои гуногунҷабҳааш, аз ҷумла шоирӣ танҳо ҳадафи созандагӣ ва ободгарӣ дошту дорад, бинобар ин ҳам номаш ва корашро хидматҳояш дар тӯли замонҳо ҳифз хоҳад кард, ки ин боиси хушбахтии ӯ ва сарфарозии фарзандону мухлисонаш аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ