“Барселона” медонад, ки чӣ тавр Мессиро дар даста нигоҳ дорад

#Варзиш

Ҳамлагари “Манчестер Сити” — Серхио Агуэро метавонад ба “Барселона” гузариш кунад. Тибқи маълумоти нашрияи Cadena Ser, номзадҳои президентии дастаи каталонӣ алакай бо наздикони футболбоз ба алоқа баромаданд ва бо эҳтимоли зиёд Агуэро барои гузаштан ба “Барселона” розӣ хоҳад шуд.

Ба “Барселона” даъват кардани Агуэрои 32-сола яке аз роҳҳои дар даста нигоҳ доштани ситораи асосии каталониҳо Лионел Месси мебошад, зеро ин футболбозон бо ҳам муносибати дӯстӣ доранд. Муҳлати шартномаи Агуэро бо “Манчестер Сити” моҳи июн ба анҷом мерасад ва дар ин ҳол ӯ бепул ба дастаи каталонӣ гузариш хоҳад кард. Ин барои “Барселона” хуб аст, зеро аз сабаби пандемияи коронавирус даста зарари калон дод ва қарзи умумӣ бештар аз 1 миллиард евроро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ