Ёрии молиявии Олмон ба мухолифини Белорус


Ҳукумати Олмон барои дастгирии мухолифини Белорус тақрибан 21 миллион евро ҷудо мекунад. Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас дар нишасти “Ҳамбастагӣ бо Белорус” чунин гуфт.
Ҳайко Маас таъкид кард, ки Ҳукумати Олмон барои дастгирии мухолифини Белорум омода аст.
Ӯ дар муроҷиати худ ба мухолифини ҳукумати Лукашенко гуфт, “Бовар кунед, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо тарафдори шумост. Мо Лукашенко ва режими ӯро таҳрим кардем. Ҳамчунин, мо нақшаи “Ҷомеаи шаҳрвандии Белорус”-ро таҳия кардем ва барои он то 21 миллион евро ҷудо кардем”.
Ба гуфтаи Маас, ба донишҷӯёну донишомӯзоне, ки барои иштирок дар намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Белорус аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ шуданд, стипендияҳо пешниҳод мешавад. Расонаҳои хабарии мустақил низ аз дастгирии Олмон баҳраманд хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ