Дар Бордо ҷасади зане, ки қурбонии таркиш шудааст, ёфт шуд

#Ҷаҳон


Наҷотбахшон ҷасади занеро пайдо карданд, ки дар як садама дар Бордо, ҷанубу ғарби Фаронса ҷон додааст.
Дар ин бора BFMTV бо истинод ба масъулони префектураи Ню-Аквитания хабар дод.

Тибқи иттилои ҳукумат ва хадамоти ҳолатҳои фавқулодда, таркиш соати 8-и субҳи вақти маҳаллӣ дар як бинои барои таваққуфгоҳи мошинҳо, дар ошёнаи аввал мутобиқшуда рух додааст. Иншоот комилан хароб шудааст. Ин ҳодиса ба ду бинои ҳамсоя низ қисман хисорот ворид кардааст.

Тибқи ҳисобҳои аввалин, таркиш дар натиҷаи ихроҷи газ ба амал омадааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ