Эрон ба далели таҳримҳо 100 миллиард доллар зарар дид


Ба далели таҳримҳои соли 2018, Эрон то ба ҳол дар бозори нафт 100 миллиард доллар зарар дид.
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, нахустмуовини раисҷумҳури Эрон дар маросими оғози сохтусози корхонаи нафт дар вилояти Кирмоншоҳ чунин гуфт.
Ба гуфтаи Ҷаҳонгирӣ таҳримҳои амрикоӣ ба иқтисоди Эрон зарари ҷиддӣ расондааст.
Ӯ афзуд, “Агар таҳримҳо набуданд, эрониҳо ба чунин вазъияти душвори иқтисодӣ рӯбарӯ намешуданд”.
Ёдовар мешавем, Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон соли гузашта зарари умумии Эронро баъди таҳримҳои соли 2018-и ИМА 150 миллиард доллар гуфта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ