62 дарсади роҳбарон дар Иордания бонувон ҳастанд


Феҳристи кишварҳое, ки саҳми бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ бештар аст, мунташир шуд.
Бино ба хабари «Коммерсантъ», Созмони байналмилалии кор дар ин замина тадқиқотеро анҷом дод ва феҳристи онро низ таҳия кард.
Иордания дар ин феҳрист дар паллаи якум ҷойгир шуд. Дар ин кишвар 62 дарсади вазифаҳои роҳбарӣ бар ӯҳдаи занон аст.
Дар Ботсвана, Гондурас, Филиппин, Сент-Люсия ва Ҷазираҳо Кук низ занон беш аз 50 дарсади вазифаҳои роҳбариро бар ӯҳдаи худ доранд.
Ин нишондод дар Белорус 49,1 дарсад, дар Русия 44,7 дарсад мебошад.
Дар поини феҳрист Ҳиндустон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир ҳастанд. Бонувони роҳбар дар ин кишварҳо 14-15 дарсад мебошанд.
Дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ саҳми бонувони роҳбар 35-40 дарсад, дар Африқо ва Осиё 20 дарсад ва дар Ховари Миёна ҳамагӣ 10 дарсад мебошад.
Дар зимн, тақрибан дар 20 дарсади ширкатҳои ҷаҳон беш аз 40 дарсади шӯрои мудиронро бонувон ташкил медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ