Дар даври пандемия истеҳсоли дучархаҳо дар ҷаҳон афзоиш ёфт


Дар даври пандемияи коронавирус эҳтиёҷи мардуми ҷаҳон ба дучархаҳо зиёд шуд. Дар натиҷа, корхонаҳои ҷаҳонӣ низ истеҳсоли онҳоро афзоиш доданд.
Бино ба хабари агентии Синхуа ба нақл аз вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Чин, дар ин кишвар истеҳсоли дучархаҳо соли 2020 якбора 24,3 дарсад, ё 44.ю37 миллион дона афзоиш ёфт. Бояд гуфт, ки Чин як қисми муайяни дучархаҳои истеҳсол кардаашро ба кишварҳои хориҷӣ экспорт мекунад.
Ҳамчунин, дар соли гузашта дар Чин истеҳсоли дучархаҳои барқӣ (электровелосипед) 29,7 дарсад, ё 29,66 миллион дона зиёд шуд.
Дар даври пандемия одамони зиёде барои ҳифзи саломатии худ аз истифодаи воситаҳои нақлиётӣ даст кашиданд ва ба истифодаи дучархаҳо рӯ оварданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ