ИМА мехоҳад ба саффи мушоҳидакунандагони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баргардад


Маъмурияти Ҷо Байден мехоҳад бо Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид ҳамкориро ҳамчун мушоҳидакунандаи ин шӯро идома диҳад. Дар ин бора Associated Press хабар дод.
Маъмурияти Байден ба ин назар аст, ки вақти баргузории ислоҳот дар Шӯрои ҳуқуқи башар расидааст. Барои ин, ИМА бояд бо шӯро ҳамкории наздик дошта бошад. Шӯрои ҳуқуқи башар барои маъмурияти Байден як ниҳоди муҳими муборизакунандагон бо беадолатӣ дар ҷаҳон мебошад ва ИМА мехоҳад дар ин ҷараён иштирок кунад ва ҳамзамон ёрии худро диҳад.
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА ҳамин рӯз дар бозгашти кишварашро ба Шӯрои ҳуқуқи башар ҳамчун мушоҳидакунанда эълон мекунад. ИМА дар оянда барои узви комили шӯро шудан кӯшиш хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ