Сӯиқасд ба раисҷумҳури Гаитӣ


Низомиёни Гаитӣ сӯиқасд ба раисҷумҳури кишвар – Жовенел Моизро пешгирӣ карданд.
Бино ба хабари “Новостӣ” ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ, гурӯҳе мехостанд Жовенал Моизро бикушанд ва табадуллоти низомиро анҷом диҳанд. Аммо кормандони хадамоти маҳаллӣ тавонистанд пеши сӯиқасдро бигиранд. Ҳамагӣ 20 нафар боздошт ва аслиҳаи онҳо мусодира шуд.
Ба гуфтаи вазири адлия, дар ин табаддуллоти ноком намояндагони олирутбаи ҳукуматӣ иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш дар Мянмар табадуллоти низомӣ анҷом ёфта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ