Дар Сӯх сохтусози фурӯдгоҳ оғоз шуд


Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона сохтусози фурӯдгоҳ оғоз шуд. Дар ин бора ҳокимияти вилояти Фарғона хабар дод.
Барои сохтусози фурӯдгоҳ дар маҳаллаи Навободи ноҳия 4,5 ҳектор замин ҷудо шуд. Дарозии майдони парвоз ва фурӯди ҳавопймоҳо дар фурӯдгоҳ 650 метр ва васеии он 100 метр мебошад. Арзиши лоиҳа 12 миллиард сӯм аст. Сохтусози фурӯдгоҳ то поёни моҳи май ба охир хоҳад расид.
Ёдовар мешавем, лоиҳаи сохтусози фурӯдгоҳ дар ноҳия бар асоси қарори “Дар бораи чораву тадбирҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2020-2021”-и раисҷумҳури Ӯзбекистон амалӣ мегардад.
Барои хидматрасонӣ ба аҳолии Сӯх ва шаҳрвандон ҳавопаймои Ан-2-и ширкати «Humo AIR» ва чархболҳои МИ-8-и ширкати «Uzbekistan Helicopters» ҷалб хоҳанд шуд.
Баъди ба кор оғоз кардани фурӯдгоҳ, дар оғоз ширкатҳои ҳавопаймоии номбурда рӯзе 2 маротиба парвозҳоро анҷом хоҳанд дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ